Номҳо
Тоҷикӣ: Сулӣ (бомус)
Лотинӣ: Avena sativa L.
Русӣ: Овес посевной
Арабӣ: Ҳартумон
Ишкошимӣ: Десел, дисин
Вахонӣ: Ғрымвщык, лос
Шуғнонӣ-Рушонӣ: Дъесак
Язгуломӣ: Кушк, кышнак
Англисӣ: Cultivated oat
Тасвир
Сулӣ растании яксолаи ғалладонагӣ буда, ба оилаи растаниҳои хӯшадор (Graminaceae) мансуб аст.
Пояаш ростистода, пайвандакҳои устувор дошта, то 130 см қад мекашад.
Баргҳояш дароз, пайдарҳам ва тезнӯг мебошанд.
Хӯшааш сафед ё ҷигарранги тезнӯг мебошад.
Гулҳояш дуҷинсаанд.
Дар шароити Бадахшон сулӣ дар моҳҳои июн–июл гул мекунад.
Сулӣ растании намдӯст ва сармобардор аст.
Сулиро ба сифати ғалладона аввали баҳор кишт мекунанд.
Давраи пухта расидани дона 211 рӯзро дар бар гирифта, тухмаш дар моҳҳои сентябр–октябр пухта мерасад.
Дар ноҳияҳои ғарбии Бадахшон 4 намуди сулӣ мерӯяд, ки яке аз онҳо сулии кошташаванда буда, ҳамчун алафи бегона дар киштзорҳо дучор меояд.
Абӯалӣ ибни Сино табъи сулиро муътадили моил ва тар донистааст.
Қисми истифодабарӣ
Дар тиб ба мақсади доруворӣ дона, поя ва барги сулиро истифода мебаранд.
Сулиро ҳамчун хӯрокаи дурушт барои чорво низ истифода мебаранд.
Сулиро дар моҳҳои сентябр–октябр ҷамъоварӣ мекунанд.
Баргу пояашро дар давраи гулкунӣ меғундоранд.
Таркиби кимиёвӣ
Дар таркиби дони сулӣ чунин моддаҳо мавҷуданд:
- оҳар;
- сафедаҳо;
- глюкоза;
- фруктоза;
- мальтоза;
- рафиноза;
- сахароза;
- аминокислотаҳои ивазнашаванда ва ивазшаванда;
- холин;
- витаминҳои B1, B2 ва B6;
- чарбуҳо;
- флавоноидҳо.
Ғайр аз ин, макроунсурҳои зерин ёфт шудаанд:
- K;
- Ca;
- Na;
- Mg;
- Si;
- P;
- Ci.
Аз микроунсурҳо:
- Al;
- B;
- Fe;
- I;
- V;
- Co;
- Mn;
- Cu;
- Mo;
- Ni;
- Sn;
- Ti;
- Sr;
- F;
- Cr;
- Zn.
(Нуралиев Ю. 1989; Куреннов И. 2008).
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)
Сулӣ дорои чунин хосиятҳо мебошад:
- мулоимкунанда;
- оромбахш;
- қавикунандаи системаи асаб;
- қувватдиҳандаи бадан;
- исҳоловари сабук;
- зиддиоксидантӣ.
Истифодабарӣ дар тиб
Абӯалӣ ибни Сино менависад:
«…қуввати сулӣ байни ҷав ва гандум аст, орди он аз орди ҷав гирандатаранд ва ҳалкунандатар аст».
Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, муаллифи китоби «Маҳзан-ул-адвия», навиштааст:
«…табъи сулӣ муътадили сард ва моил ба хушкӣ аст».
Сулӣ моддаҳоро ҳал карда, дар меъда нигоҳ медорад.
Сулии бо равған пухташуда таъсири балғамронӣ ва зиддисурфагӣ мерасонад.
Пухтаи он бо равған хосияти гирандагӣ дорад.
Сулӣ барои меъда вазнин буда, бодро тавлид мекунад.
Барои ислоҳ намудани ин хосияти манфии сулӣ истеъмоли равғани бисёр, сирко, лимӯ ва айва зарур дониста шудааст.
Агар таоми сулӣ дар меъда гир шавад, он гоҳ ширинӣ хӯрдан лозим аст.
Истифода дар тибби мардумӣ
Дар тибби мардумӣ шӯрбо аз ярмаи сулӣ барои чунин ҳолатҳо истифода мешавад:
- гирии пешоби кӯдакон;
- рахит;
- ширинча.
Обҷӯши ярмаи сулиро бо асал ҳамчун воситаи қавикунанда барои чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:
- сили шуш;
- беморони заифшуда;
- баъди касалиҳои вазнин;
- касалии қанди хун.
Обдами пахоли сулиро барои заифии системаи асаб, ҳамчун иштиҳоовар ва ҳангоми бехобӣ ба кор мебаранд.
Истифода дар тибби муосир
Дар тибби муосир обҷӯши луобии сулиро барои муолиҷаи чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:
- илтиҳоби ҷигар;
- илтиҳоби меъда бо пастшавии туршии он;
- илтиҳоби рӯдаҳои борик ва ғафс;
- захми меъда;
- захми рӯдаи дувоздаҳангушта;
- заифии системаи асаб;
- заифии рӯдаҳо.
Сабӯс ва ярмаи сулӣ миқдори холестерини хунро паст мекунад.
Сулӣ ва маводи аз он тайёршуда барои табобати баъзе касалиҳои пӯст низ истифода мешаванд.
Аз ҷумла:
- номла;
- илтиҳоби музмини пӯст;
- диатези кӯдакон.
Обзан аз пахоли сулӣ барои чунин ҳолатҳо истифода мешавад:
- касалиҳои пӯст;
- касалиҳои ғадуди сипаршакл;
- сармохӯрдагии дарозмуддат;
- тарбод;
- ниқрис;
- илтиҳоби асаби сурин;
- доимӣ хунук будани дасту пой.
(Соколов С. Я. 2008).
Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза
Обдами пахоли сулӣ
Як қошуқи хӯрокхӯрӣ пахоли майда резашударо дар як истакон оби ҷӯш 30 дақиқа дам дода, соф мекунанд.
Ба андозаи ним истакон 3 бор пеш аз таом менӯшанд.
Обдамро барои касалиҳои илтиҳоби буғумҳо ва ниқрис мефармоянд.
Обдами дони сулӣ
500 гр дони сулиро дар 1 литр оби ҷӯш дар муддати 40 дақиқа дам медиҳанд.
Баъди соф кардан ба андозаи ним истакон 3 бор дар як рӯз пеш аз таом истеъмол мекунанд.
Обдам барои касалиҳои илтиҳоби талхадон истифода мешавад.
Обҷӯши дони сулӣ ҳамчун пешоброн ва талхарон
Як истакон дони сулиро дар 1 литр оби ҷӯш андохта, дар оташи паст то кам шудани ҳаҷми моеъ ба андозаи 1/4 қисми он меҷӯшонанд.
Баъди соф кардан ба андозаи ним истакон 3 бор пеш аз таом истеъмол мекунанд.
Обҷӯши пахоли сулӣ барои буғумдард
0,5–1 кг пахоли сулиро дар 3 литр об андохта, 30 дақиқа меҷӯшонанд.
Баъд хунук карда, соф мекунанд.
Обҷӯшро барои обзан дар ҳарорати +35–36°С дар муддати 5–10 дақиқа истифода мебаранд.
Қиёми шаробии сулӣ ҳамчун қувватдиҳандаи бадан
Пахоли сулиро майда реза карда, шишаи 0,5-литраро пур мекунанд.
Ба болояш шароб рехта, 2–3 ҳафта дам медиҳанд.
Баъд пахолро афшурда, соф мекунанд.
Ба андозаи 20–30 қатра дар як қошуқи хӯрокхӯрӣ бо об истеъмол мекунанд.
(Куреннов И. 2008).
Огоҳӣ
Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма буда, қисме аз он ба тибби мардумӣ ва анъанавӣ тааллуқ дорад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.

