Косни

Косни — гиёҳи худрӯи бисёрсола аз оилаи мураккабгулҳо буда, поя, барг, гул ва решаи он истифода мешаванд.

Номҳо

Тоҷикӣ: Косни (коснич, каснач, кошнич, кошнича, кабра, шири харак, талҳа, талҳаи кабуд, чатроқоқу, чарашқу, чачараксу)

Лотинӣ: Cichorium intybus L.

Русӣ: Цикорий дикий (горьчанка, татарский цвет, щербак, цикорий корневой)

Арабӣ: Ҳандбо, ҳиндобо

Ишкошимӣ: Косни

Шуғнонӣ-Рушонӣ: Кизнач

Язгуломӣ: Коснич

Англисӣ: Blue-sailors

Тасвир

Косни гиёҳи худрӯи бисёрсола буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) мансуб аст.

Танааш то 150 см қад мекашад.

Пояаш росту сершох буда, баргҳои дарози пармонанд ё найзашакл ва пайдарҳам дорад.

Гулҳояш кабуд ё нилгун ва дуҷинса мебошанд.

Косни дар моҳҳои июн–июл гул карда, дар моҳҳои август–сентябр тухмаш пухта мерасад.

Косни одатан лаб-лаби ҷӯйборҳо, роҳҳо, дарёҳо, саҳро, боғу полезҳо, дар баландии 1800–3000 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.

Барг, поя ва гулро дар вақти гул кардан ва решаашро тирамоҳ, дар моҳҳои октябр–ноябр, ҷамъоварӣ мекунанд.

Барг, поя ва гулро дар сояи ҳавогузар хушк мекунанд.

Решаро дар офтоб, ҳавои кушод ё хушккунакҳои махсус дар ҳарорати +40–60°С хушк мекунанд.

Барг, поя ва гулро дар қуттиҳои қоғазӣ ё чӯбин то 1–2 сол ва решаву решачаҳоро то 5 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.

Табъи коснии хушк дар дараҷаи якум хушк аст ва тари он дар охири дараҷаи якум хунук ва тар мебошад.

Қисми истифодабарӣ

Ба мақсади доруворӣ поя, барг, гул ва решаву решачаҳои косниро истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ

Дар таркиби решаи косни чунин моддаҳо мавҷуданд:

  • инулин — 11–65%;
  • сафедаҳо — 3,6%;
  • равғани чарбу — 0,3%;
  • пайвастагиҳои беазотӣ — 15,4%;
  • фруктоза — 2,3–9,5%;
  • гликозиди талх;
  • қатрон.

Дар таркиби реша ва барги он холин ва витамини K мавҷуд аст.

Дар таркиби гулҳо чунин моддаҳо ёфт шудаанд:

  • гликозиди сикорин;
  • витамини C — то 150 мг%;
  • кумарин.

Дар барг чунин макроунсурҳо мавҷуданд:

  • калсий;
  • мис;
  • натрий;
  • калий;
  • оҳан.

Аз микроунсурҳо чунинҳо оварда шудаанд:

  • фосфор;
  • марганес.

Инчунин дар барг лактусин, лактукопикрин, витамини C, витаминҳои гурӯҳи B, каротин, моддаҳои даббоғӣ ва равғанҳои эфирӣ мавҷуданд.

Дар қисми рӯизаминии косни чунин моддаҳо мавҷуданд:

  • витамини C — 70–350 мг%;
  • каротин — 1,23%;
  • моддаҳои даббоғӣ — 1,3–2,3%;
  • флавоноидҳо — 0,2–0,4%;
  • кумаринҳо — 0,17–0,7%;
  • витамини B1 — 0,05%;
  • витамини B2 — 0,03%;
  • витамини PP — 0,24%.

(Ҳоҷиматов М. 1989; Нуралиев Ю. 1989).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)

Косни дорои хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ, зиддимикробӣ, пешобронӣ, талхаронӣ, оромбахшӣ, ҳипотензивӣ, зиддидиабетӣ, ҷабандагӣ ва илтиҳомовари захм мебошад.

Истифодабарӣ дар тиб

Абӯалӣ ибни Сино косниро барои муолиҷаи касалиҳои чашм, ниқрис, узвҳои сина, дил, меъда, ҷигар ва вараҷаи чоррӯза истифода мебурд.

Малҳами косниро ҳамчун подзаҳр ба ҷойи газидагии мор, каждум, ғандал ва занбӯр ба кор мебурд.

Истифода дар тибби мардумӣ

Табибони мардумӣ реша ва гулҳои шукуфтаи косниро барои муолиҷаи чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:

  • санги гурда;
  • санги талхадон;
  • вайроншавии мубодилаи моддаҳо;
  • тарбод;
  • ниқрис;
  • илтиҳоби буғумҳо;
  • захми меъда ва рӯдаҳо;
  • илтиҳоби меъда ва рӯдаҳо;
  • бемориҳои ғадуди зери меъда;
  • камиштиҳоӣ.

(Сафонов Н. Н. 2005).

Ғайр аз ин, дар тибби мардумӣ хокистари қисми рӯизаминии косниро дар якҷоягӣ бо қаймоқ барои касалиҳои пӯст бо усули захмбандӣ истифода мебаранд.

Аз ҷумла:

  • номла;
  • яра;
  • захм;
  • сӯхтагӣ.

Шираи косниро барои муолиҷаи исҳоли хунин ва дарди узвҳои ҳозима истифода мебаранд.

Обдами косниро дар якҷоягӣ бо гули бобуна барои муолиҷаи касалиҳои гурда, сипурз, ҷигар ва меъда низ ба кор мебаранд.

Тухми косниро ҳамчун доруи табшикан ва арақрон истифода мебаранд.

(Ҳоҷиматов М. 1989).

Истифода дар тибби мардумии Русия ва Австрия

Дар тибби мардуми Русия ва Австрия обҷӯши решаи косниро ҳамчун воситаи пешоброн, иштиҳоовар ва тақвияткунандаи узвҳои ҳозима истифода мебаранд.

Онро инчунин барои чунин ҳолатҳо ба кор мебаранд:

  • бемориҳои ҷигар;
  • бемориҳои сипурз;
  • бемориҳои рӯдаҳо;
  • камқувватӣ;
  • ғашёнӣ;
  • қанди хун;
  • ба эътидол овардани таркиби хун.

(Ковалёва Н. Г. 1971).

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза

Аз реша, тана, барг ва гули косни доруҳои обдам, обҷӯш, шира ва кӯфта тайёр мекунанд.

Обҷӯши решаи косни

20 гр, яъне як қошуқи хӯрокхӯрӣ, решаи хушки косниро дар 0,5 л оби ҷӯш дар зарфи сирдор андохта, дар ҳаммоми обӣ 30 дақиқа гарм мекунанд.

Баъди хунук шудан, бо докаи 2–3 қабата полонда соф мекунанд.

Гиёҳи дар дока бударо меғунҷонанд.

Ҳаҷми обҷӯшро ба ҳаҷми аввалааш мерасонанд.

Ҳар рӯз ба андозаи 1/4 ҳиссаи истакон, ним соат пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Обҷӯшро барои касалиҳои ҷигар, талхадон, гурда, ярақон ва ғайра тавсия медиҳанд.

Обдами поя, барг ва гули косни

40 гр, яъне ду қошуқи хӯрокхӯрӣ, маводи дорувориро дар 0,5 л оби ҷӯш дар муддати як соат дам медиҳанд.

Баъд бо докаи 2–3 қабата полонда соф мекунанд.

Ҳар рӯз 0,5 истакон 3 бор пеш аз хӯрок менӯшанд.

Ин обдамро барои касалиҳои ярақон, ҷигар, илтиҳоби рӯдаву меъда ва гурдаҳо низ тавсия медиҳанд.

Огоҳӣ

Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма ва тибби анъанавӣ мебошад.

Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.