Зардолуатола

Таоми махсуси помирӣ, ки аз зардолуи хушк тайёр карда мешавад.

Зардолуатола яке аз таомҳои махсуси помирӣ мебошад, ки аз зардолуи хушк тайёр карда мешавад. Зардолуи хушк барои меъда ва саломатӣ безарар аст.

Тарзи тайёр намудани таом

  1. Зардолуи хушкро дар об то вақти муайян тар намуда, онро дар муддати 20 дақиқа меҷӯшонем.

  2. Вақте ки зардолуи хушк нарм шуд, онро аз даруни об бароварда, ба даруни табақ меандозем.

  3. Зардолуи нармшударо майда намуда, донаҳояшро ҷудо менамоем.

  4. Пас онро ба даруни об бармегардонем.

  5. Ҳол он ки зардолу ҷӯшида истодааст, дар оби хунук ордро омехта мекунем.

  6. Пас аз ин оби ордиро ба оби зардолу меандозем ва хуб омехта мекунем. Омехтаро то намуди шӯла меоварем.

  7. Инак «Зардолуатола» барои хӯрдан тайёр шуд!

Муаллифи видео: Andra Cudare