Ба диққати шумо силсилаи наворҳои кӯтоҳ дар бораи фарҳанги ғизо ва таом дар минтақаи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ин силсилаҳо дар доираи лоиҳаи «Нигаҳдории мероси Ишкошим» ба навор гирифта шудаанд.
Дар навбати аввал сухан дар бораи «Ширчой» меравад, ки ғизои суннатӣ ва таърихии мардуми Бадахшонзамин мебошад. Ширчой дар тӯли таърих омили хос ва ивазнашавандаи мардуми ин диёри баландкӯҳ буда ва мемонад.
Тарзи омода кардани Ширчой
Муаллифи видео: Andra Cudare
Таркиб
- об;
- чойи сиёҳ;
- шир;
- равғани маска;
- чормағз;
- намак;
- нон.
Тарзи омодадиҳӣ
- Обро ҷӯшонед.

- Чои сиёҳро андозед ва омехта кунед. Онро дар давоми 10 дақиқа ҷӯшонед.

- Чормағз ва намакро мувофиқи табъ андозед.
1 / 3- Ба андозаи 1/3 ҳаҷми об шир илова кунед.

- Аз нав то ҷӯшидан расонед.
1 / 3- Ширчойро бо нон ва равғани маска ба меҳмонон пешкаш кунед.
