Қурутоб

Таоми суннатии помирӣ аз қурут, нон, пиёз ва кабудӣ.

Баҳор вақти Суманак, Шакаробу Қурутоб мебошад. Баъзеҳо мегӯянд, ки агар кас дар баҳор ин таомҳоро начашад, соли омадааш он қадар хушбахт намегардад. Агар дар байни шиносҳоятон ошпаз набошад, рӯҳафтода нашавед: шумо метавонед ин наворро тамошо карда, худатон таоми Қурутобро тайёр намоед.

Ба мо лозим мешавад

  • қурут (крут, корот, курт) — маҳсулоти туршшудаи ширӣ, яъне панири хушк;
  • нон — як бухонка;
  • пиёз — 4 дона;
  • кабудӣ — як даста.

Тарзи тайёр намудан

  1. Қурутро дар оби гарм дар муддати як соат нигоҳ доред, дар таносуби 400 г қурут ба 1 литр об. Агар қурут хеле сахт бошад, онро дар муддати 30 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед.
  2. Пиёзро реза намуда, бирён кунед.
  1. Оберо, ки дар он қурут андохта шуда буд, соф карда, ҷӯшонед ва мувофиқи хоҳиш намак андозед.
  1. Нонро дар табақи чуқур реза кунед.
  1. Оби қурутро ба болои нон резед ва дар муддати 5 дақиқа дам диҳед.
  1. Пиёзи бирёншударо ба болои нони варамкарда гузоред.
  1. Аз боло кабудӣ пошед.
  2. Акнун Қурутоб тайёр шуд. Иштиҳои том!

Муаллифи навор: Андра Чударе