Кузагарии Помирӣ

Таҳқиқи сафолгарии анъанавии Помир, гили маҳаллӣ ва нигоҳдории донишҳои сохтани зарфҳои сафолӣ.

Барои саҳм гузоштан дар ҳифзи мероси Помир «Мактаби ихтиёриёни Ишкошим» дар назди созмони ҷамъиятии «Гулу Гиёҳ» таҳқиқоти хурди худро оғоз намуд. Хонҷонова Хушнамо, сокини деҳаи Мулвоҷ, ҳанӯз дар хотир дорад, ки кӯзаҳои қадима дар дасти кӣ нигоҳ дошта мешаванд ва пирони дорои донишҳои сохтани ин асарҳои ҳунариро мешиносад. Хушнамо бо нигаҳдорандагони дониши ҳунарӣ дар деҳааш суҳбат кард, то дар бораи ҳунари сафолгарӣ, шаклҳои гуногуни кӯзаҳо, вазифаи онҳо ва ҷойи пайдо кардани гили зарурӣ маълумот гирад.

Ҳамин тавр ӯ фаҳмид, ки дар дараи Гангидери наздики Мулвоҷ гили мувофиқ пайдо мешавад, ки то имрӯз барои тандур истифода мешавад. Хушнамо аъзои оилааш, каланд ва белҳоро ҷамъ карда, ба дараи Гангидери ба экспедитсия рафт. Вақте ба ҷой расиданд, якҷоя гилро ҷамъ карда, аз ғалбер гузаронданд ва ашёи хоми тоза гирифтанд.

Дар роҳи бозгашт онҳо бо пири маъруфи Мулвоҷ амаки Гулзор вохӯрданд. Онҳо мақсади сафарашонро ба ӯ гуфтанд ва ӯ аз таҷрибаи бойи зиндагии худ маълумоти хеле арзишманд дод.

Ҳамин тавр Хушнамо фаҳмид, ки гилро хамир карда, пеш аз сохтани кӯзаҳо 4–5 рӯз нигоҳ доштан лозим аст. Сафоли дастӣ аз сафоле, ки бо чархи кулолгарӣ сохта мешавад, фарқ дорад. Зарфҳои дастӣ тадриҷан аз поя сохта шуда, қисмҳои онҳо марҳила ба марҳила хушк мешаванд. Дар гузашта баъди тайёр шудани зарфҳо онҳоро дар як ҷой ҷамъ карда, бо ҳезум ва пору мепӯшонданд. Барои он ки зарфҳо хуб пухта шаванд, оташро аз шом то саҳар нигоҳ медоштанд. Баъд кӯзаҳо вобаста ба навъи гил ранги хоси худро мегирифтанд ва барои истифода омода мешуданд. Хушнамо ба хона расида, гилро мувофиқи гуфтаҳои Гулзор хамир карда, мунтазир шуд.

Хушнамо дар бораи ҷустуҷӯҳои худ нақл мекунад

Дараи Авҷ

Мо ба дараи деҳаи Авҷ рафтем. Ман, Паҳлавон, Гулшер, Азиз ва акаи Амонбек. Аз Мулвоҷ то дараи Авҷ панҷ соат роҳ рафтем. Дара бисёр зебо буд: дар ҳама ҷо парандагон месуруданд, сабзазор мешукуфт ва гулҳо, ки бисёрашон шифобахш буданд, дар шамол меҷунбиданд. Мо ба айлоқ расидем, ки мувофиқи гуфтаи калонсолон дар он ҷо бояд гил бошад. Хушбахтона, онро пайдо кардем. Акаи Амонбек ҷойи гилро нишон дод. Ӯ нақл кард, ки дар замонҳои пеш модараш ва дигар занҳо аз гил кӯза, пиёла ва дигар зарфҳои зарурӣ месохтанд. Он вақт зарфҳои чинӣ ё шишагӣ набуданд ва ҳама зарфҳоро аз гил месохтанд. Аммо ин гил на танҳо барои корҳои рӯзгор, балки барои мақсадҳои табобатӣ низ истифода мешуд. Ранги ин гил сиёҳ буд.

Гармчашма

Дар кӯҳҳои Гармчашма низ гили нодир мавҷуд аст. Ранги он кабудчатоб мебошад. Вақте бо калонсолон дар бораи гили ин ҷо суҳбат кардем, онҳо гуфтанд, ки ҳамаи намудҳои гилро барои сафолгарӣ истифода бурдан мумкин аст, танҳо технологияи пухтанашон фарқ мекунад. Зарфҳо ва дигар ашё бояд на камтар аз 24 соат пухта шаванд. Онҳо инчунин гуфтанд, ки аз гил дегҳои калон месохтанд, ки барои нигоҳ доштани шир ё ҷурғот истифода мешуданд.

Бағуш

Хушбахтона, дар Бағуш низ гили махсус мавҷуд аст. Ман ба он ҷо рафта, инро худам дидам. Пирони деҳа донишҳои худро нақл карданд ва гуфтанд, ки гил на танҳо барои сохтани зарфҳо, балки барои тайёр кардани танурҳои калон барои пухтани нон низ истифода мешуд.

Дар бораи сохтани кӯза

Мо бо холаи Гулбегим ба сохтани кӯзаҳо оғоз кардем. Хола Гулбегим ҳеҷ гоҳ аз гил кӯза насохта буд, вале дар хотир дошт, ки модараш чӣ тавр ин корро мекард. Аввал аз гил хамир тайёр кардем. Баъд бе ягон қолаб, бо истифода аз хаёлоти худ, ба сохтани кӯзаҳо шурӯъ намудем. Сипас навбати пухтан расид. Барои хуб пухтани кӯза онро муддати дароз дар оташ нигоҳ доштан лозим аст. Мо кӯзаҳоро дар ҷойи кушод гузошта, гирдашон пору чида, оташ задем. Оташро аз соати ҳафти шом то саҳар нигоҳ доштем. Рӯзи дигар, вақте ба дидани офаридаҳоямон рафтем, фаҳмидем, ки онҳо тайёр шудаанд. Кӯзаҳоро аз оташ бароварда, ба онҳо равған молидем. Акнун онҳо хушк ва барои истифода омодаанд. Пеш аз пухтан кӯзаҳо кабудчатоб ва сиёҳ буданд, баъди пухтан сурх шуданд.