Кулча яке аз намудҳои нонҳои анъанавӣ буда, онро одатан дар рӯзҳои ид ё ки барои сафар тайёр менамоянд. Мазаи кулчаи аслии помирӣ бо ягон чиз дигар монанд нест.
Таркиб
- Орд
- Об
- Равғани растанӣ
- Хамиртуруш

Тарзи омодадиҳӣ
- Ба миқдори муайяни орд 150-200 мл равғани растанӣ илова намуда, онро омехта менамоем.

- Аралаш мекунем ва ба миқдори 1 қошуқи ошӣ хамиртуруш илова менамоем.
- Обро илова намуда, хамирро омехта менамоем.
1 / 2- Хамирро ба қисмҳо тақсим мекунем ва ба онҳо қолаби гирдмонандро медиҳем.
1 / 2- Тавассути корд қисмҳоро каме мехарошем ва ба онҳо қолаби кулчаро медиҳем.

- Пеш аз он ки кулчаҳоро ба танӯр гузорем, қисмҳоро сӯрох менамоем, барои пешгирӣ намудани дамгирӣ.

Хамир пухта шуд - кулчаҳо тайёр шуданд!
1 / 2(Муаллифи навор Andra Cudare)
