Ганҷинаи Ғоронзамин
Китоб дар доираи барномаи «Эҳёи мероси Ишкошим» аз ҷониби Фонди Кристенсен ба нашр расидааст.
Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ,
Дар асл макони номдорон астӣ.
Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд,
Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон осорхонаи зиндаи забонҳои гуногуни ориёӣ мебошад. Бошандагони водии Ғорони ин ноҳия бо лаҳҷаи ғоронии забони порсии тоҷикӣ гуфтугӯ карда, маскунони дигари ин ноҳия бо лаҳҷаи бадахшонии забони порсии тоҷикӣ ва инчунин бо забонҳои бостонии ишкошимӣ ва вахонӣ муошират мекунанд. Дар китоб афсонаҳо, рубоиёту дубайтиҳо, нақлу ривоёт, зарбулмасалу мақолҳо бо лаҳҷаи ғоронии порсии тоҷикӣ бори нахуст гулчин шудаанд. Инчунин, дар охири китоб луғати вожаҳо ва ибораҳои хоси лаҳҷаи ғоронӣ оварда шудааст, ки аҳамияти онро барои пажӯҳишгарон дучанд кардаааст. Китоб барои адабиётшиносон, этнографҳо ва оммаи васеи хонандагони соҳибзавқ ва фарҳангдӯст тавсия мешавад.
Ганҷинаи Ғоронзамин
Китобро дар Google Drive хонед
All rights reserved. No part of this book may be reproduced in any form or by any means, electronic, mechanical or otherwise, without prior written permission.
© ТҶ «Гулу Гиёҳ», 2014

