Ҷохонова Насратмо маводҳоеро нишон дода истодааст, ки аз шир тайёр карда мешаванд.
Навор бо ташкилоти ҷамъиятии «Гулу Гиёҳ» дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайёр шудааст.
Фермаи ширии Насратмо Ҷохонова дар шафати роҳи мошингард ҷойгир шудааст, ки он ба паҳнкунии маҳсулот ба дигар маҳалҳо имконият фароҳам меорад. Дар ин ҷо қариб 12 намуди ғизоҳои ширӣ тайёр карда мешаванд.
Дар навор Насратмо Ҷохонова тарзи тайёр кардани маводеро, ки онро дуғ меноманд, нишон медиҳад. Зардобе, ки баъди таҳшин кардани дуғ боқӣ мемонад, ба мақсади тайёр намудани маводҳои косметикӣ истифода бурда мешавад.
Аксарияти бошандагони маҳаллӣ, ки шароити нигоҳ доштани ҳайвони калони шохдорро надоранд, инчунин сайёҳоне, ки бисёр дар ин маҳалҳо гаштугузор мекунанд, барои дарёфти маҳсулоти ширӣ ба холаи Насратмо муроҷиат мекунанд.

