Таркиб
Чойи оромбахш аз гиёҳҳои зерин таркиб ёфтааст:
- Пудинаи обӣ — гул
- Бобуна — гул
- Карвиё — тухм
- Гулхор — мева
- Сипандона — алаф
- Чойкаҳак — гул
- Шабиш — алаф
- Ҷамбилак — гул
- Зардришқа — гул
1 / 4Хосияти шифобахшӣ
Чойи оромбахш чунин таъсирҳо мерасонад:
- оромбахшӣ;
- рагвасеъкунӣ;
- илтиҳомоварии захм;
- таскинкунандаи дард;
- зиддиилтиҳобӣ;
- хунбандкунӣ;
- талхаронӣ;
- балғамронӣ;
- арақронӣ;
- шираронӣ;
- бактерисидӣ;
- қувватдиҳанда;
- зиддисудатӣ.
Истифодабарӣ
Як қошуқи хӯрокхӯрӣ омехтаи гиёҳҳоро ба 0,5 литр оби ҷӯш андохта, як соат дам медиҳанд ва бо дастархон мепечонанд.
Ба андозаи ним истакон 3–4 бор дар як рӯз, 30 дақиқа пеш аз хӯрок менӯшанд.
Давомнокии табобат: 30 рӯз.
Вазн: 100 гр.
Огоҳӣ
Маълумот дар бораи хосиятҳои шифобахш ва тарзи истифодаи ин чой аз маводи пешниҳодшуда гирифта шудааст ва ба истифодаи анъанавии гиёҳҳои шифобахш марбут мебошад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.
