Таркиб
Чойи синагӣ аз гиёҳҳои зерин таркиб ёфтааст:
- Ширинбия — реша
- Зардришқа — гул
- Сапали шутур — гул
- Бобунаи хушбӯй — гул
- Себарга — гул
1 / 4Хосияти шифобахшӣ
Чойи синагӣ равиши илтиҳоби роҳҳои нафаскаширо бартараф карда, балғамро тунук мекунад ва таъсири балғамронӣ мерасонад.
Истифодабарӣ
Як қошуқи хӯрокхӯрӣ омехтаи гиёҳҳоро ба 0,5 литр оби ҷӯш андохта, печонда, як соат дам медиҳанд.
Баъди дам додан онро меполонанд.
Дар як рӯз 4 бор, 30 дақиқа пеш аз таом менӯшанд.
Бори чорум пеш аз хоб истеъмол карда мешавад.
Давомнокии табобат: 3 ҳафта.
Вазн: 100 гр.
Видео
Огоҳӣ
Маълумот дар бораи хосиятҳои шифобахш ва тарзи истифодаи ин чой аз маводи пешниҳодшуда гирифта шудааст ва ба истифодаи анъанавии гиёҳҳо марбут мебошад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.
