Таркиб
Чойи меъдагӣ аз гиёҳҳои зерин таркиб ёфтааст:
- Талхакаҳ — алаф
- Гули Ғозӣ — гул
- Бобуна — гул
- Гули хуҷаста — гул
- Чойкаҳак — гул
- Газна — барг
- Зарпоша — гул
1 / 2Хосияти шифобахшӣ
Чойи меъдагӣ ҷараёни илтиҳоби луобпардаи меъда ва рӯдаҳоро бартараф намуда, ҳаракати рӯдаҳоро баланд мекунад.
Ба он чунин таъсирҳо нисбат дода мешаванд:
- паст кардани туршии меъда;
- бартараф кардани даруншахӣ;
- баланд кардани ҳаракати рӯдаҳо;
- иштиҳооварӣ.
Истифодабарӣ
Як қошуқи хӯрокхӯрӣ омехтаро ба 0,5 литр оби ҷӯш андохта, як соат дам медиҳанд ва бо дастархон мепечонанд.
Ба андозаи ним истакон 3–4 бор дар як рӯз, 30 дақиқа пеш аз хӯрок менӯшанд.
Давомнокии табобат: 30 рӯз.
Огоҳӣ
Маълумот дар бораи хосиятҳои шифобахш ва тарзи истифодаи ин чой аз маводи пешниҳодшуда гирифта шудааст ва ба истифодаи анъанавии гиёҳҳо марбут мебошад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.
