Ҷамбилак

Ҷамбилак — набототи бисёрсолаи алафӣ аз оилаи лабгулон буда, дар ноҳияҳои Бадахшон мерӯяд.

Номҳо

Тоҷикӣ: Ҷамбилак (ҷамилак, бодранҷбӯя, лалмипудина, пудинаи кӯҳӣ, пудинаи ҷабалӣ, мушки тарамшӣ)

Лотинӣ: Ziziphora pamiroalaica Juz.

Русӣ: Зизифора памироалайская

Ишкошимӣ: Ҷамбилак

Вахонӣ: Ҷамбилак

Шуғнонӣ-Рушонӣ: Ҷамбилак

Язгуломӣ: Ҷамбилак

Англисӣ: Ziziphora

Тасвир

Ҷамбилак набототи бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи лабгулон (Labiateae) дохил шуда, навъҳои гуногун (Ziziphora brevicalix — фаранҷмушк, Z. tenior L. — пудинаи кӯҳӣ, ҷамбилак ҳулбаи кӯҳӣ; Z. interrupta Juz. — қоқутӣ, ҷамбилак; Z. suffruticosa Pazi et Wed. — ҷамбилак қоқутӣ) дорад.

Нимбутаи серпояи каҷуклеб, 10–25 см қад кашида, дар баъзе ҷойҳо ба рӯи замин хобида паҳн мешавад.

Баргаш наштаршакл ё тухммонанд буда, гули майдаи гулобӣ, сафед ё бунафша дорад.

Ҷамбилак бисёр ҳам бӯи хуши форам дорад.

Ҷамбилак дар ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон дар нишебиҳо, кӯҳдоманаҳо, ҷариҳо, дар ҷойҳои санлох, дар баландии 1800–4300 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.

Аз ҷиҳати хуштаъм ва хушбӯй будани ҷамбилак мардуми ноҳияи Ишкошим дар бораи он рубоӣ ва байтҳо эҷод кардаанд, ки дар тӯй ва идҳо санъаткорони мардумӣ месароянд:

Равон шав эй гулҳои ҷамбилак,
Давдавон шав эй гулҳои ҷамбилак.
Аз бӯйю таъми дилрабоят,
Мафтун шудам гулҳои ҷамбилак.

Ҷамбилак дар моҳҳои июн–июл гул карда, тухмаш дар моҳҳои июл–сентябр пухта мерасад.

Табъи ҷамбилак дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Қисми истифодабарӣ

Дар тиб гул, поя ва барги ҷамбилакро истифода мебаранд.

Барг, гул ва пояи ҷамбилакро дар вақти гулкунӣ ҷамъоварӣ карда, дар сояи ҳавогузар ба қабати 3–5 см паҳн карда хушк мекунанд.

Маводи дорувориро дар қуттиҳои қоғазӣ, зарфҳои шишагӣ ё сафолӣ то 3 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ

Дар таркиби рӯизаминии ҷамбилак равғани эфирӣ, ментол, каротин, гликозидҳо, витамини C, сапонинҳо, туршиҳои органикӣ, зифт, моддаҳои даббоғӣ ва ғайра мавҷуд аст.

(Хаитов И. 2004; Ҳоҷиматов М. 1989; Наврӯзшоев ва диг. 1998).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)

Ҷамбилак дорои хосиятҳои пешобронӣ, ҳайзронӣ, балғамронӣ, арақронӣ, гиҷаронӣ, иштиҳоовар, фарабахш, оромбахш, подзаҳрӣ ва қавикунандаи фаъолияти дил мебошад.

Истифодабарӣ дар тиб

Ҷамбилакро аз қадимулайём аз ҷониби арбобони тиб Буқрот, Абӯалӣ ибни Сино ва табибони мардумӣ барои муолиҷаи касалиҳои гуногун дар амалияи худ истифода мебурданд.

Абӯалӣ ибни Сино ҷамбилакро барои табобати касалиҳои меъда, ҷигар, касалиҳои асаб, дил, фаромӯшхотирӣ, захму яра, нест кардани бӯи сир ва шароб ва гиҷаронӣ истифода мебурд.

Дар тибби мардумӣ обдам, обҷӯш ва кӯфтаи ҷамбилакро барои табобати касалиҳои узвҳои ҳозима — меъда, рӯда, ҷигар, ҳамчун иштиҳоовар ва рафъкунандаи дилбеҳузурӣ; касалиҳои ҳалқ аз кӯдакон; касалии асабият; қавӣ гардондани фаъолияти кори дил, фишорбаландӣ; чун пешоброн, ҳайзрон, арақрон ва гиҷарон васеъ ба кор мебаранд.

Табибони мардумӣ ошомидани обдами ҷамбилакро бо асал ба каждумгазида ва бо сиркоасал ба занбӯргазида истифода мебаранд.

Кӯфтаи онро бо чой ё об истеъмол кардан барои нест кардани оруғ, чун балғамрон барои касалиҳои роҳҳои нафаскашӣ, дарди меъда ва ҷигар истифода мебаранд.

Миқдори як бор хӯрдани ҷамбилаки хушк 4,5 гр аст.

Дар асоси тадқиқотҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки ҷамбилак фишорбаландии шараёниро паст карда, дарди дар мавқеи дил бударо рафъ карда, аҳволи умумӣ ва хобро хуб мекунад ва пешобро зиёд мекунад.

Аз ин рӯ, ҷамбилакро барои табобати касалиҳои фишорбаландии шараёнӣ, инъисоб, ҳолати баъди гузаронидани касалии сактаи дил ва касалиҳои узвҳои ҳозима — дарди меъда, дилбеҳузурӣ, беиштиҳоӣ — тавсия дода мешавад.

(Ҳоҷиматов М. 1989).

Равғани ҷамбилак

Аз ҷамбилак равған тайёр мекунанд.

Барои тайёр кардан, миқдори лозимии тару тозаи ҷамбилакро кӯфта, фишурда, обашро дар зарф рехта, ба миқдори вазни он кунҷут илова мекунанд.

Баъд дар оташи паст то бухор шудани об меҷӯшонанд, ки ин аст равғани ҷамбилак.

Равғанро барои табобати сардард, қавӣ гардондани майна, банд шудани димоғ, қавӣ гардондани узвҳои гардан ва хушбӯй гардонидани бадан низ истифода мебаранд.

(Зоҳидов Ҳ. 1991).

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза

Обдами алафи ҷамбилак

20 гр (як қошуқи хӯрокхӯрӣ) алафи хушки майда резакардаро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 400 мл (2 истакон) оби ҷӯшидаистодаро мерезанд ва 30 дақиқа дам медиҳанд.

Бо дастокар соф карда, ба андозаи 1 қошуқи хӯрокхӯрӣ 3–4 бор дар 1 рӯз пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Давомнокии табобат 3–4 ҳафтаро дар бар мегирад.

Огоҳӣ

Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, тарзи истеъмол ва усулҳои табобатӣ дар ин саҳифа аз матни сарчашма гирифта шудааст ва қисми он ба тибби мардумӣ ва анъанавӣ тааллуқ дорад.

Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мешавад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.