Газна

Газна — растании бисёрсолаи сӯзанда аз оилаи газнагулон буда, навдаҳои ҷавон, барг, гул ва решаи он истифода мешаванд.

Номҳо

Тоҷикӣ: Газна (газак, газанга, газанда, газандиёр, газангир, анҷара, анҷура, оҳтирак, сӯзанбарг, сӯзгиёҳ, тавланг, сӯзанкаҳ, сӯзанда)

Лотинӣ: Urtica dioica L.

Русӣ: Крапива двудомная (стреканка, жигалка, стрекучка, жгучка, жалива)

Арабӣ: Қурраис, анҷура, алқарис

Ишкошимӣ: Газак, пучпучоник

Вахонӣ: Пычпычонук

Шуғнонӣ-Рушонӣ: Чидгинц, цағинц

Язгуломӣ: Сӯзанкаҳ

Англисӣ: Stinging Nettle, great nettle

Тасвир

Газна растании бисёрсолаи сӯзанда буда, ба оилаи газнагулон (Urticaceae) мансуб аст.

Пояаш рост ва сершох буда, то 30–150 см қад мекашад.

Баргаш ба барги тут шабоҳат дорад ва рангаш сабзи хира мебошад.

Поя ва барги газна аз нешхорҳо ё худ мӯйчаҳои борик пӯшида шудааст, ки дар таркибашон туршии мурчавӣ, туршии кремний ва гистамин мавҷуд аст.

Дар сурати ба пӯсти даст ё танаи одам расидан, ин моддаҳо пӯстро сӯзонда, сӯзиш ва обила пайдо мекунанд.

Дарозии барги газна ба 6–10 см мерасад.

Гули газна майда, сабзранг, якҷинса буда, ба шакли хӯша дар таги каши баргҳо ҷойгир шудааст.

Меваи газна шакли тухммонанд ё кӯлула дошта, ранги зарди хокистарӣ дорад.

(Хаитов И. 2004).

Газна аз моҳи июн сар карда то охири тобистон гул мекунад.

Газна дар ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон дар боғҳо, лаб-лаби ҷӯйборҳо, гирду атрофи хонаҳо, полезҳо ва дараобҳо, дар баландии 1700–3200 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.

Абумансури Муваффақ табъи газнаро гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум меҳисобад.

Абӯалӣ ибни Сино менависад:

«…газна ва донаи он андар аввали дараҷаи саввум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушканд, вале донааш камтар аз худи он хушк бувад».

Қисми истифодабарӣ

Дар тиб ба мақсади шифобахшӣ навдаҳои ҷавон, барг, гул ва решаи газнаро истифода мебаранд.

Ҷамъоварии маводи дорувории газнаро дастӣ ва бо дастпӯш анҷом медиҳанд.

Маводи ҷамъшударо дар ҷойи соягӣ ва ҳавогузар як қабат паҳн карда хушк мекунанд.

Дар аввали баҳор навдаҳои ҷавон, сониян баргҳо ва нӯги алафро ва баъдан баргу гулу решаро дар охири тирамоҳ ҷамъ мекунанд.

Маводи дорувории ҷамъшударо дар қуттиҳо ё халтаҳо то ду сол нигоҳ дошта истифода бурдан мумкин аст.

Таркиби кимиёвӣ

Дар таркиби барги газна чунин моддаҳо мавҷуданд:

  • каротиноидҳо — 50 мг%;
  • моддаҳои даббоғӣ — 3,2%;
  • витамини C — 270 мг%;
  • витаминҳои K, B1 ва B2;
  • хлорофилл — то 5%;
  • флавоноидҳо — 1,96%;
  • кемпферол;
  • кверстин;
  • изорамнетин;
  • туршиҳои органикӣ;
  • алкалоидҳо — 0,010–0,29%;
  • никотин;
  • асетилхолин;
  • гистамин;
  • секретин;
  • оҳар — то 10%.

Аз унсурҳои калон чунинҳо мавҷуданд:

  • K;
  • Ca;
  • Mg;
  • Fe.

Аз унсурҳои хурд:

  • Mn;
  • Cu;
  • Zn;
  • Co;
  • Mo;
  • Cr;
  • Al;
  • Se;
  • Ni;
  • Ba;
  • Pa;
  • Sr.

(Турова А. Д. 1974).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)

Газна алафи шифоӣ ва ғизоӣ буда, чунин хосиятҳои шифобахш дорад:

  • хунбандкунӣ;
  • балғамронӣ;
  • пешобронӣ;
  • талхаронӣ;
  • ширронӣ;
  • қувватдиҳанда;
  • фаъолкунанда;
  • илтиҳомовари захм;
  • табшикан;
  • витаминдор.

Истифодабарӣ дар тиб

Газнаро табибон аз қадимулайём дар бисёр мамлакатҳои дунё барои табобати бисёр касалиҳо бо усули дарунӣ ва берунӣ, ҳам алоҳида ва ҳам дар омехтагӣ бо дигар гиёҳҳои шифоӣ истифода мебаранд.

Обдам ва ҷавҳари моеъи газна ҷараёни лахтшавии хунро метезонад.

Аз ин рӯ ин мустаҳзарҳо, ки дорои витаминҳои K, C ва дигар моддаҳо мебошанд, дар ҳолатҳои хунравӣ истифода шудаанд.

Аз ҷумла:

  • хунравӣ аз бинӣ;
  • хунравӣ аз ковокии даҳон;
  • хунравӣ аз шуш;
  • хунравӣ аз рӯдаю меъда;
  • хунравӣ аз бачадон;
  • бавосир;
  • исҳоли хунин.

Обдамро бо таносуби 10,0–15,0 : 200,0 ба миқдори як қошуқӣ се бор ва ҷавҳари моеъро ба миқдори 25–30 қатра 3 бор дар як рӯз пеш аз тановул истифода мебаранд.

(Наврӯзшоев Д. ва диг. 1998; Хаитов И. 2004; Хаитов И. Х. 2007).

Аз сабаби дар таркиби газна мавҷуд будани хлорофилл, дорувории газна ба вуҷуд таъсири қувватдиҳанда ва фаъолкунанда бахшида, мубодилаи асосии моддаҳоро зиёд мекунад.

Он инчунин таваттури мушакҳои бачадон, рӯдаю меъда, дилу рагҳои хунгузар ва узвҳои нафаскаширо қавӣ мекунад.

Дорувории газна илтиҳомовари яра ва захм буда, ҷавонадорӣ (грануляция) ва пӯшидашавии захмро бо заҳра (эпителий) метезонад.

Бинобар ин обдам, ҷавҳар, кӯфта ва хокаи газнаро барои чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:

  • норасоии фаъолияти дилу рагҳои хунгузар;
  • тарбоди мушакҳо ва буғумҳо;
  • инъисоби рагҳо (атеросклероз);
  • усоб (невроз);
  • ғашъён (истерия);
  • илтиҳоби ной ва хирной;
  • зиқи нафас;
  • касалии қанд;
  • илтиҳоби ҳавзак ва косачаҳои гурда;
  • илтиҳоби масона;
  • илтиҳоб ва захми меъда;
  • яра ва захмҳои тағзиявӣ;
  • санги гурда;
  • санги талхадон;
  • илтиҳоби ҷигар;
  • илтиҳоби талхадон.

Дорувориҳои газна миқдори ҳуҷайраҳои сурхи хун — эритроситҳо, тромбоситҳо ва гемоглобинро зиёд карда, ба беморони камхун таъин мешаванд.

Истифода барои мӯй ва пӯсти сар

Обдами газнаро дар табобати мӯйрезӣ, хориши сар ва сабусаки сар истифода мебаранд.

Барои ин 100 гр баргҳои хушки газнаро дар 0,5 л об ва 0,5 л сирко ҷӯшонда, сарро бе истифодаи собун мешӯянд.

Дар натиҷа мӯй мустаҳкам шуда, хориш ва сабусак кам мешавад.

(Мирзоев О. 2009).

Ғайр аз ин, обдами газнаро ҳамчун маводи витаминдор ва фаъолкунандаи вуҷуд ба беморони гирифтори камвитаминӣ ва модарони камшир таъин мекунанд.

Истифодаи берунӣ

Обдам, шира, ҷавҳар, кӯфта ва хокаи газнаро бо усули берунӣ дар табобати чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:

  • илтиҳоби милки дандон;
  • илтиҳоби луобпардаи ковокии даҳон;
  • илтиҳоби римноки бофтаи атрофи дандон;
  • оташсӯхтаи дараҷаи якум;
  • захмҳои тағзиявӣ;
  • номла (экзема);
  • хориши пӯст.

Онҳоро бо усули чақондан, шустан, ғарғара кардан ва тарбандӣ ба кор мебаранд.

Истифода дар гинекология ва момодоягӣ

Мустаҳзари газна дар амалияи гинекологӣ ва момодоягӣ дар мавриди чунин ҳолатҳо истифода мешавад:

  • илтиҳоби насҷи атрофи бачадон (параметрит);
  • илтиҳоби найчаи тухмгузар ва тухмдон (сальпингоофорит);
  • хунрезӣ баъди таваллуд;
  • хунрезӣ баъди аборт;
  • киста;
  • салилаи хунрез (полип).

(Рычкова Ю. 2005).

Газна дар таркиби омехтаҳои шифоии мураккаб низ истифода мешавад.

Аз ҷумла дар омехтаҳои:

  • зиддибавосирӣ;
  • зиддидиабетӣ;
  • зиддиуфунӣ;
  • талхарон;
  • пешоброн;
  • балғамрон;
  • ширрон;
  • меъдагӣ.

Истифода дар тибби мардумии кишварҳои гуногун

Дар тибби мардумии Русия, Полша, Булғория, Олмон, Озарбойҷон ва Гурҷистон мустаҳзарҳои аз газна тайёршударо барои чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:

  • илтиҳоб ва захми меъда;
  • бемориҳои ҷигар ва талхадон;
  • илтиҳоби гурда ва масона;
  • санги гурда;
  • санги талхадон;
  • хунрезиҳои гуногун;
  • тарбод;
  • ниқрис;
  • сили шуш;
  • ҳайзи дарозмуддати дардманд;
  • бавосир;
  • доначаҳои рӯйи пӯст;
  • касалии қанди хун;
  • саръ;
  • усоб;
  • ғашъён;
  • илтиҳоби узвҳои нафаскашӣ;
  • яра ва захмҳои тағзиявӣ;
  • оташсӯхта;
  • думал;
  • пучак;
  • резиши мӯй;
  • сабусаки сар.

(Наврӯзшоев Д. ва диг. 1998; Хаитов И. Х. 2007; Ҳоҷиматов М. 1989).

Истифода дар тибби мардумӣ

Табибони мардумӣ доруҳои газнаро бо усули берунӣ ва дарунӣ васеъ истифода мебаранд.

Агар обдами газнаро бо оби ҷав нӯшанд, онро барои дамкӯтоҳӣ, зиқи нафас ва балғами ғафси часпак истифода мебаранд.

Кӯфтаи тару тозаи газнаро ба димоғ ва пешонӣ мегузоранд, то хунравии бинӣ қатъ шавад.

Кӯфтаи барги газнаро бо асал омехта карда, ба думал ва пучак мебанданд.

Хӯрдани 10 гр тухми газнаро барои дамкӯтоҳӣ, сурфа ва илтиҳоби узвҳои нафаскашӣ истифода мебаранд.

Кӯфтаи барг ё тухми газнаро бо асал хамир карда, ба закар мемоланд, то боҳро қавӣ гардонад.

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза

Аз барг, тухм, гул ва решаи газна обҷӯш, обдам, ҷавҳари моеъ, шира, кӯфта ва хока тайёр карда, дар табобати касалиҳои гуногун истифода мебаранд.

Обдами газна

10 гр, яъне ду қошуқи чойнӯшӣ, барги хушки газнаро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯш мерезанд.

Дар оби ҷӯшидаистода 15 дақиқа гарм мекунанд.

Сипас дар ҳарорати хона 45 дақиқа хунук карда, бо дока соф мекунанд.

Гиёҳи дар дока бударо афшурда, ҳаҷми обдамро ба 200 мл мерасонанд.

Муҳлати истеъмоли обдам 2–3 шабонарӯз мебошад.

Обдамро ба андозаи 1/2–1/4 ҳиссаи истакон 3 бор пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Ҷавҳари моеъи газна

Ҷавҳари моеъи газнаро дар спирти 70%-а ё водкаи 40%-а тайёр мекунанд.

Ба андозаи 25–30 қатра 3 бор дар як рӯз, ним соат пеш аз тановул истеъмол мекунанд.

Шираи газна

Барги тару тозаи газнаро ҷамъ карда, баъди шустан аз гӯштқимакунак мегузаронанд.

Сипас аз докаи дуқабата ё асбоби ширабарорӣ фишурда, шираро мебароранд.

Шираро дар ҳолати хунрезӣ ва камхунӣ ба андозаи як қошуқи хӯрокхӯрӣ 3 бор дар як шабонарӯз пеш аз тановул истеъмол мекунанд.

Обҷӯши газна

Як қошуқ тухм ё решаи майдакардашудаи газнаро дар як истакон об гузошта, дар муддати 30 дақиқа дар оташи паст меҷӯшонанд.

Сипас бо докаи дуқабата соф ва хунук мекунанд.

Ба андозаи як қошуқи хӯрокхӯрӣ 3 бор, ним соат пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Кӯфтаи газна

Барг, поя ва гули газнаро кӯфта, ба ҷойи осебёфта, буғумҳои дардманд, думал ва пучак гузошта мебанданд.

Хокаи газна

Хокаро аз баргу гули хушки газна бо усули соидан тайёр мекунанд.

Хокаро ба яра, захми тағзиявӣ ва ҷойи бурида пошида мебанданд.

Чойи газна

Баргу гули газна — 3 қошуқи хӯрокхӯрӣ, зардришқа — 1 қошуқи хӯрокхӯрӣ, пудинаи обӣ — 2 қошуқи хӯрокхӯрӣ ва меваи хуч — 1 қошуқи хӯрокхӯрӣ омехта мекунанд.

Аз ин омехта як қошуқ маводро дар 400 мл оби ҷӯш андохта, дар оби ҷӯшидаистода 10 дақиқа гарм мекунанд.

Баъдан рӯзе ба андозаи 1/2–1/4 ҳиссаи истакон ду бор, саҳару бегоҳ, пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Мустаҳзарҳои саноатӣ

Дар саноати тиббӣ газна дар таркиби ҳаби «Аллахол» истифода мешавад.

Газнаро инчунин дар қуттиҳо ба андозаи 100 гр ва дар шакли брикетҳо аз барги майдакардашуда ба андозаи 75 гр истеҳсол мекунанд.

(Сидайский Ю. В. ва диг. 1991).

Манъият

Мустаҳзарҳои аз газна тайёршударо ба бемороне, ки системаи хуншахшавиашон баланд аст, истеъмол кардан манъ аст.

Огоҳӣ

Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма ва тибби анъанавӣ мебошад.

Баъзе усулҳо ба хунравӣ, бемориҳои дилу раг, диабет, ҳомиладорӣ ва дигар ҳолатҳои ҷиддӣ дахл доранд ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шаванд.

Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад.