Ҷағ-ҷағ

Ҷағ-ҷағ — растании яксолаи алафӣ аз оилаи салибгулҳо буда, қисми рӯизаминии он ба мақсади доруворӣ истифода мешавад.

Номҳо

Тоҷикӣ: Ҷағ-ҷағ (ҷағ-ҷағак, каҳак, ҷа-ҷа, ҷагак, халтаи лӯлӣ, ҷӯгихалта, шабушкушак)

Лотинӣ: Capsella bursa-pastoris L. Medic.

Русӣ: Пастушья сумка (воробьиная кашка, горобинье очко, режуха, сумочка, сердочки, горобинец, дикарка, забируха, зозульник, калитник)

Вахонӣ: Къшкрич

Шуғнонӣ-Рушонӣ: Мастак вохъ

Англисӣ: Capsella

Тасвир

Ҷағ-ҷағ растании яксолаи алафӣ буда, ба оилаи салибгулҳо (Brassiceae) дохил мешавад.

Пояаш рост, камшох, ягона ё якчандтогӣ буда, то 90 см қад мекунад.

Барги бехи пояаш то 15–20 см дарозӣ ва 3–4 см паҳнӣ дорад.

Баргҳои болоии поя нисбатан майда буда, дарозиашон то 7 см ва паҳниашон то 1–1,5 см мерасад.

Гулаш майда ва сафед аст.

Мевааш сертухм, секунҷа ва дилшакл мебошад.

Тухмаш майда ва қаҳваранг аст.

Ҷағ-ҷағ дар моҳҳои май–июн гул карда, мевааш дар моҳҳои июл–август пухта мерасад.

Ҷағ-ҷағ дар боғҳо, полезҳо, қад-қади роҳ, майдонҳои намнок ва лаб-лаби ҷӯйҳо, дар баландии 1800–3600 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.

Табъи ҷағ-ҷағ дар дараҷаи якум хушк ва дар дараҷаи саввум сард аст.

Қисми истифодабарӣ

Ба мақсади доруворӣ қисми рӯизаминии растаниро истифода мебаранд.

Онро дар вақти гулшукуфӣ, дар ҳавои хушк ва баъди хушк шудани шабнам ҷамъоварӣ карда, дар сояи ҳавогузар хушк мекунанд.

Растаниро дар вақти пухта расидани мевааш ҷамъоварӣ кардан лозим нест.

Маводи ҷамъшударо дар халтачаҳои махсус ё қуттиҳои картонӣ то 3 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ

Дар таркиби баргу пояи растанӣ чунин моддаҳо мавҷуданд:

  • витамини C — 120–177,5 мг%;
  • каротин — 4,7 мг%;
  • қандҳои ҳалшаванда — 2,60 мг%;
  • селлюлоза — 29,52 мг%;
  • протеин — 19,69%;
  • сафеда — 16,19 мг%;
  • равған — 1,99;
  • хокистар;
  • витаминҳои K, B2 ва P;
  • моддаҳои даббоғӣ;
  • равғани эфирӣ;
  • туршиҳои себӣ, лимӯӣ ва фумаровӣ;
  • холин;
  • асетилхолин;
  • сапонинҳо;
  • стероидҳо;
  • флавоноидҳои рутин, диосмин, 7-рутинозид, лютеолин ва ғайра.

Ғайр аз ин, дар таркиби баргҳои растанӣ макроунсурҳои зерин ёфт шудаанд:

  • K;
  • Ca;
  • Mg;
  • Fe.

Аз микроунсурҳо:

  • Mn;
  • Cu;
  • Zn;
  • Co;
  • Mo;
  • Sn;
  • V;
  • Ba;
  • Se;
  • Ni;
  • Sr;
  • Pb;
  • Ti;
  • Br;
  • B.

(Азонзод Ҷ. 2010; Хаитов И. 2004; Куреннов И. 2008).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)

Ҷағ-ҷағ хосияти сусти ҳипотензивӣ ва хунбандкунӣ дошта, тонуси мушакҳои бачадонро баланд мекунад.

Истифодабарӣ дар тиб

Ҷағ-ҷағ хосияти хунбандкунӣ дошта, кашишхӯрии мушакҳои бачадонро ба амал меоварад.

Аз ин рӯ онро барои табобати мено-метроррагия — ҳайзи фаровон ва хунравии бетартиби бачадон бо вайроншавии давраи ҳайз — истифода мебаранд.

Онро инчунин ҳангоми чунин ҳолатҳо истифода мекунанд:

  • хунравӣ баъди аборт;
  • хунравӣ баъди таваллуд;
  • хунравӣ аз шуш;
  • хунравӣ аз гурдаҳо.

Дар баъзе ҳолатҳо онро дар якҷоягӣ бо гиёҳи чилбуғум ва зери назорати духтур истифода мебаранд.

Истифода дар тибби кишварҳои гуногун

Дар тибби Полша, Булғория ва Фаронса растаниро ҳамчун хунбандкунанда барои табобати чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:

  • хунравӣ аз шуш;
  • хунравӣ аз бачадон;
  • хунравӣ аз меъда;
  • ба эътидол овардани ҳайзи номутадил.

Онро инчунин ҳамчун доруи пасткунандаи фишорбаландии шараёнӣ истифода мебаранд.

Истифода дар тибби мардумӣ

Дар тибби мардумӣ ҷағ-ҷағро барои табобати чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:

  • хунравӣ аз шуш;
  • хунравӣ аз меъда;
  • хунравӣ аз бачадон;
  • хунравӣ аз гурдаҳо;
  • ярадоршавӣ.

Обҷӯши тару тозаи гиёҳро барои муолиҷаи касалиҳои ҷигар, гурдаҳо ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо истифода мебаранд.

Онро инчунин ҳангоми чунин ҳолатҳо ба кор мебаранд:

  • бавосир;
  • санги гурда;
  • илтиҳоби пешобдон.

Қиёми шаробии онро ҳамчун доруи хобовар дар ҳолатҳои вайроншавии системаи асаб ва барои паст кардани табъи баланд истифода мебаранд.

Обдами гиёҳро бо усули берунӣ барои табобати осеб ва ярадоршавӣ ба тарзи тарбандӣ истифода мебаранд.

(Ковалёва Н. Г. 1971; Куреннов И. 2008).

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза

Обҷӯши алафи ҷағ-ҷағ

2 қошуқи хӯрокхӯрӣ гиёҳро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯш мерезанд.

Дар оташи паст ё ҳаммоми обӣ 15 дақиқа меҷӯшонанд.

Дар ҳарорати хона 45 дақиқа сард мекунанд.

Сипас бо дока соф карда, гиёҳи дар дока бударо фишурда, ҳаҷми обҷӯшро ба ҳаҷми аввалааш мерасонанд.

Ба андозаи як қошуқи хӯрокхӯрӣ 4–5 бор дар як рӯз баъди тановул истеъмол мекунанд.

Обҷӯшро ҳамчун хунбанд истифода мебаранд.

Обдами алафи ҷағ-ҷағ ҳамчун талхарон ва пешоброн

40–50 гр маводро дар 1 литр оби ҷӯш дар муддати 30 дақиқа дам медиҳанд.

Бо дока соф карда, гиёҳи дар дока бударо меафшӯранд.

Ба андозаи ним истакон 3 бор дар як рӯз пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Обдами алафи ҷағ-ҷағ барои истифодаи берунӣ

3 қошуқи хӯрокхӯрӣ маводро дар як истакон оби ҳарорати хона 8 соат дам дода, соф мекунанд.

Обдамро ба тарзи тарбандӣ ва шустани захму яра ба кор мебаранд.

Доруҳои саноатӣ

Алафи ҷағ-ҷағ дар қуттиҳо ба андозаи 75 гр истеҳсол мешавад.

Ҷавҳари моеъи ҷағ-ҷағ дар флаконҳо ба ҳаҷми 25 мл истеҳсол шуда, ба андозаи 20–25 қатра истеъмол мешавад.

Огоҳӣ

Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма буда, қисме аз он ба тибби мардумӣ ва анъанавӣ тааллуқ дорад.

Баъзе усулҳои зикршуда ба хунравии бачадон, хунравӣ баъди таваллуд ё аборт, инчунин дигар ҳолатҳои ҷиддӣ дахл доранд ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ истифода шаванд.

Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад.