Себаргаи сурх

Себаргаи сурх — растании бисёрсолаи алафӣ аз оилаи лӯбиёгулҳо буда, гулбарг ва баргҳои нӯгии он истифода мешаванд.

Номҳо

Тоҷикӣ: Себаргаи сурх (себаргаи чаманӣ, себарга, хандакук, девсӯпӯст, хандақуқӣ)

Лотинӣ: Trifolium pratense L.

Русӣ: Клевер красный (клевер луговой, диатлина красная, красноголовник, красная кошка, медовый цвет, трехлистник, троица)

Ишкошимӣ: Себарга

Вахонӣ: Шафтал

Шуғнонӣ-Рушонӣ: Шафтал

Язгуломӣ: Рушт садбарг

Англисӣ: Clover

Тасвир

Себарга растании бисёрсолаи алафӣ буда, ба оилаи лӯбиёгулҳо (Leguminosae) мансуб аст.

Пояаш ростистода ё бардошта шуда, сода ё шохдор буда, то 15–60 см қад мекунад.

Шумораи баргҳо 3 дона аст, аз ин ҷост, ки онро себарга мегӯянд.

Баргҳо эллипсишакл буда, дар нӯги поя пайдарҳам ҷойгир шудаанд.

Гулҳояш ранги сурх ё гулобӣ дошта, дар сараки бисёргулдор ҷамъ шудаанд.

Мевааш як тухма буда, шакли эллиптикӣ ё дарози тухмшакл дорад.

Тухмаш ниҳоят хурд буда, ранги сурх ё бунафша дорад.

Себарга аз моҳҳои май то август гул карда, тухмаш дар моҳҳои сентябр–октябр мепазад.

Дар Бадахшон себарга дар ҳамаи ноҳияҳо, ғайр аз Мурғоб, дар баландии 1700–3000 метр аз сатҳи баҳр, лаб-лаби дарёҳо, полезҳо, боғҳо ва ҷойҳои намнок мерӯяд.

Табъи себарга гарм дар дараҷаи дуввум ва хушк дар дараҷаи якум аст.

Себарга растании асаловар мебошад.

Қисми истифодабарӣ

Дар тиб асосан сабадгул ва баргҳои нӯгии себаргаро истифода мебаранд.

Ҷамъоварии маводи дорувориро дар мавсими гулкунӣ мегузаронанд.

Маводи ҷамъшударо дар ҳавои кушод, дар соя ё хушккунакҳои махсус дар ҳарорати 40–60°С хушк мекунанд.

Маводи хушкшударо дар халтачаҳои махсус ё сандуқҳои чӯбин ва картонӣ то 2 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.

Таркиби кимиёвӣ

Дар таркиби гул ва алафи себарга чунин моддаҳо мавҷуданд:

  • гликозидҳои трифолин ва изотрифолин;
  • равғанҳои эфирӣ;
  • туршиҳои кумаринӣ ва салисилӣ;
  • ситостеролҳо;
  • моддаҳои гептоновӣ;
  • кумаринҳо;
  • витаминҳои C, B, E ва K;
  • каротин;
  • равғанҳои чарбӣ;
  • моддаҳои даббоғӣ;
  • флавоноиди кверсетин;
  • аспарагин;
  • тирозин.

Дар барг витамини C ва моддаҳои трифолизинӣ ёфт шудаанд.

(Ҳоҷиматов И. 1989; Куреннов И. 2008; Хаитов И. 2004).

Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)

Себарга дорои хосиятҳои зерин мебошад:

  • зиддиуфунӣ;
  • зиддиилтиҳобӣ;
  • зиддибактериявӣ;
  • балғамронӣ;
  • пешобронӣ;
  • арақронӣ;
  • часпандагӣ;
  • хунбандкунӣ.

Истифодабарӣ дар тиб

Себаргаро дар тибби илмӣ истифода намебаранд.

Мувофиқи маълумоти Ковалёва Н. Г. (1971), қиёми шаробии себаргаро барои муолиҷаи инъисоби рагҳои хунгузар, дар ҳолати саргардӣ, сардард ва садои гӯш ва ҳангоми муқаррарӣ будани фишори хун истифода мебаранд.

Муаллиф усули тайёр кардани қиёми шаробии себаргаро чунин пешниҳод мекунад:

Нӯгҳои бебарги растаниро дар мавсими гулкунӣ ба андозаи 40 гр гирифта, дар 50 мл шароби 40%-а 10 рӯз дам дода, соф мекунанд.

Пас ба андозаи 20 мл пеш аз ғизои нисфирӯзӣ ё пеш аз хоб истеъмол мекунанд.

Давраи муолиҷа 3 моҳ буда, байни ҳар як моҳ 10 рӯз танаффус мегиранд.

Баъди 6 моҳ муолиҷаро такрор мекунанд.

Истифода дар тибби қадим

Абӯалӣ ибни Сино себаргаро барои муолиҷаи дарди меъда, масона, омосҳо ва ҳамчун пешоброну ҳайзрон истифода мебурд.

Шираи себаргаро барои тоза кардани захмҳои фасоднок ва дар якҷоягӣ бо асал барои табобати гули чашм ва ҷойи газидагии каждум низ истифода мебурд.

Истифода дар тибби мардумӣ

Дар тибби мардумӣ обдам ва чойи себаргаро барои муолиҷаи илтиҳоби луобпардаи ковокии даҳон, бинӣ ва рӯдаҳо истифода мебаранд.

Онро инчунин ҳамчун доруи балғамрон, арақрон ва пешоброн барои табобати илтиҳоби ной, хирной, шуш ва зиқи нафас ба кор мебаранд.

Обҷӯш ва обдами гулу барги себаргаро барои баланд бардоштани иштиҳо ва дар ҳолатҳои зерин истифода мебаранд:

  • касалии сил;
  • вараҷа;
  • нимсар;
  • хунравӣ аз раҳм;
  • ҳайзи дарднок;
  • камхунӣ;
  • сардард;
  • зардпарвин;
  • қулинҷи рӯдаҳо;
  • қулинҷи гурдаҳо.

Қиёми шаробии себаргаро барои муолиҷаи инъисоби рагҳои хунгузар истифода мебаранд.

Шираи гули онро барои шустани чашм истифода мекарданд.

Баргҳои тару тозаи онро ҳамчун воситаи илтиҳомовари захм ба яра, реш, оташсӯхта ва захмҳо тарбандӣ мекунанд.

Истифода дар ғизо

Аз баргу гули себарга самбӯса ва манту тайёр мекунанд.

Онро инчунин ба пиёва ҳамчун хӯриш ва ба нугулиҳо ҳамроҳ карда, истеъмол мекунанд.

Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза

Себаргаро алоҳида ва дар омехтагӣ бо дигар растаниҳои шифобахш ба шакли обдам, обҷӯш ва қиём истифода мебаранд.

Обдами гулбарг ва барги себарга

20 гр гулбарг ва барг, яъне як қошуқи хӯрокхӯрӣ, дар 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯшидаистода дар муддати 6–8 соат дам дода, соф мекунанд.

Ҳар рӯз ба андозаи 1/3 ҳиссаи истакон 30 дақиқа пеш аз таом истеъмол мекунанд.

Обҷӯши алафи себарга

20 гр, яъне як қошуқи хӯрокхӯрӣ, маводи дорувориро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯшидаистода мерезанд.

15 дақиқа дар оташи паст ё ҳаммоми обӣ ҷӯшонда, 30 дақиқа дам медиҳанд.

Пас бо докаи 2–3 қабата соф мекунанд.

Гиёҳи дар дока бударо меғунҷонанд.

Ҳаҷми обҷӯшро ба ҳаҷми аввалааш мерасонанд.

Обҷӯшро барои тарбандӣ кардан ва чаққа додани ковокии даҳон истифода мебаранд.

Қиёми шаробии алафи себарга

40 гр, яъне ду қошуқи хӯрокхӯрӣ, маводро дар 500 мл шароби 40%-а омехта карда, 10 рӯз дам медиҳанд.

Баъди соф кардан ба андозаи 20 мл пеш аз ғизои нисфирӯзӣ ё пеш аз хоб дар муддати 3 моҳ истеъмол мекунанд.

Байни ҳар як моҳ 10 рӯз танаффус кардан зарур аст.

Қиём барои табобати касалии инъисоби рагҳои хунгузар таъин мешавад.

(Ковалёва Н. Г. 1974).

Огоҳӣ

Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма ва тибби анъанавӣ мебошад.

Баъзе усулҳо, аз ҷумла истифодаи маҳлулҳо барои чашм, истифода ҳангоми хунравӣ ва дигар бемориҳои ҷиддӣ, набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шаванд.

Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад.