Номҳо
Тоҷикӣ: Тамашк (тути фарҳангӣ)
Лотинӣ: Rubus idaeus L.
Русӣ: Малина обыкновенная
Англисӣ: Red raspberry
Тасвир
Тамашк буттамева буда, ба оилаи настаринҳо (Rosaceae) мансуб аст.
Баландии пояҳои рости сернавдаи хордори он то 2 метр мерасад.
Қисми зеризаминии он аз тирреша ва бисёр решаҳои паҳлуӣ иборат мебошад.
Қисми болоии онро навдаҳои 1 ва 2-сола ташкил медиҳанд.
Баргаш мураккаб буда, аз 3–7 баргчаи байзашакл ё мудаввар иборат мебошад.
Хӯшагулаш 10–20 гул дорад.
Гулаш сафед буда, бори аввал дар моҳҳои апрел–июн ва бори дуввум дар моҳҳои август–сентябр мешукуфад.
Мевааш сурх ё зард, хуштаъм, хушбӯй ва сершира аст.
Тамашк дар ноҳияҳои Бадахшон, ғайр аз Мурғоб, хуб мерӯяд.
Тамашкро бо роҳҳои нашвӣ зиёд мекунанд.
Тухмаш фақат барои рӯёндани навъҳои нав истифода мешавад.
Тамашк растании асаловар аст.
Табъи тамашк сарду хушк андар дараҷаи дуввум мебошад.
Қисми истифодабарӣ
Ба мақсади муолиҷа мева, гул ва барги тамашкро истифода мебаранд.
Меваи тамашкро баъди пухта расиданаш дар моҳҳои июл–сентябр ҷамъоварӣ карда, дар офтоб ё асбоби хушккунак хушк мекунанд.
Меваи хушкшударо дар қуттиҳо то 2 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.
Барг ва гулашро дар моҳҳои июн–август ҷамъоварӣ карда, дар сояи ҳавогузар хушк мекунанд.
Таркиби кимиёвӣ
Дар таркиби меваи тамашк чунин моддаҳо мавҷуданд:
- қандҳо — фруктоза, сахароза, глюкоза;
- туршиҳои органикӣ — лимӯӣ, себӣ, шалхавӣ, салисиловӣ, мурчавӣ, капроновӣ;
- кумаринҳо;
- моддаҳои пектинӣ;
- пуринҳо;
- витаминҳои C, A, E, B1, B2, B6, B12;
- равғани эфирӣ;
- флавоноидҳои кверсетин;
- 3-галактозид;
- антосианҳо.
Дар таркиби баргҳояш макроунсурҳои зерин муайян шудаанд:
- K;
- Ca;
- Mg;
- Fe.
Аз микроунсурҳо:
- Mn;
- Cu;
- Zn;
- Co;
- Mo;
- Al;
- Ni;
- Pb;
- Sr;
- Se;
- B.
(Нуралиев Ю. 1989; Азонзод Ҷ. 2010).
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)
Тамашк хосиятҳои арақронӣ, табшиканӣ, таскинкунандаи дард, зиддиилтиҳобӣ, оромбахшӣ ва фаррогирӣ дорад.
Истифодабарӣ дар тиб
Дар тибби мардумӣ мева, барг ва гули тамашкро васеъ истифода мебаранд.
Меваи тару тозаро ба шакли мураббо ва шарбат барои муолиҷаи касалиҳои шамолхӯрда ва гузаранда истифода мебаранд.
Аз ҷумла:
- илтиҳоби ной;
- илтиҳоби хирной;
- забҳа;
- илтиҳоби шушу ҳалқ;
- илтиҳоби ҷафъи пешонӣ.
Меваи тамашкро ҳамчун фарогиранда ва зиддиилтиҳобӣ барои табобати илтиҳоби шадид ва музмини меъда, илтиҳоби луобпардаи даҳон, хуннок, омоси хунӣ ва доначаҳои пӯст низ истифода мебаранд.
Дар тибби муосир меваи тамашкро дар шакли мураббо ва шарбат барои табобати камхунии аз норасоии оҳан пайдошуда, касалиҳои сироятӣ, ҳамчун иштиҳоовар ва табшикан, инчунин барои касалиҳои меъда ва рӯдаҳо истифода мебаранд.
Дар омехтагӣ бо дигар растаниҳои шифобахш онро дар табобати касалии қанди хун, бемориҳои сироятӣ, буғумдард ва вараҷа ба кор мебаранд.
Барги тару тозаи онро ба захм, яра ва номла гузошта мебанданд.
(Нуралиев Ю. 1989; Азонзод Ҷ. 2010).
Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза
Обдами гулҳои тамашк
20 гр, яъне як қошуқи хӯрокхӯрӣ, маводро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯш мерезанд.
30 дақиқа дам дода, аз дока гузаронда соф мекунанд.
Ба андозаи як қошуқи хӯрокхӯрӣ 3–4 бор пеш аз тановул менӯшанд.
Обдамро барои касалиҳои хунукзада мефармоянд.
Обдами меваи хушки тамашк
10 гр меваи хушкро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯш мерезанд.
20 дақиқа дам дода, соф мекунанд.
Ба андозаи як истакон гармогарм менӯшанд.
Обдамро ҳамчун арақрон истифода мебаранд.
Обдами барги тамашк
4 қошуқи чойнӯшӣ баргро дар 200 мл оби ҷӯш 30 дақиқа дам медиҳанд.
Баъд соф карда, маводро меафшӯранд.
Ба андозаи ним истакон 4 бор дар як рӯз пеш аз хӯрок менӯшанд.
Обҷӯши барги тамашк
10 гр маводро дар 200 мл, ё як истакон, об 10 дақиқа дар ҳаммоми обӣ ё оташи паст меҷӯшонанд.
Баъд хунук карда, соф мекунанд.
Дар шакли тарбандӣ ба рихнаки рӯй ва омоси хушк мегузоранд.
Шираи тамашк
Шираи тамашкро ба андозаи 0,5 истакон ҳангоми дарди меъда ва хунукзада 3 бор дар як рӯз менӯшанд.
Ҳангоми инъисоб ва заҳролудшавӣ аз алкогол ба андозаи як истакон менӯшанд.
Огоҳӣ
Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма буда, қисме аз он ба тибби мардумӣ тааллуқ дорад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.

