Номҳо
Тоҷикӣ: Зилоли сурх (зирки сурх, зиришк)
Лотинӣ: Berberis vulgaris L.
Русӣ: Барбарис обыкновенный
Арабӣ: Анбарборис, анбарбирис
Ишкошимӣ: Зарғул
Вахонӣ: Зарғул
Шуғнонӣ-Рушонӣ: Зарғӯл
Язгуломӣ: Зъарб
Англисӣ: Common barberry
Тасвир
Зилоли сурх буттаи бисёрсолаи сершоху хордор буда, ба оилаи зелолиён (Berberidaceae) дохил мешавад.
Танааш ростистода, шохчаҳо аз хорчаҳо пӯшида шуда, то 3 метр қад мекашад.
Пӯстлоқи навдаҳои ҷавон ранги бури зардчатоб ва шохчаҳои калонсол ранги бур доранд.
Баргаш пайдарҳам, тунук, тухмшакл буда, мазаи турш дорад.
Хӯшагулаш сода, 10–20 гул дошта, 2–6 см дарозӣ дорад.
Гулаш зард буда, дар думчаи кӯтоҳ ҷой мегирад.
Мевааш сероб, дарозрӯя, ранги арғувонӣ дошта, 2–9 см дарозӣ дорад.
Тухмаш қаҳваранг, тухмшакл буда, дарозиаш то 4–6 см мерасад.
Дар моҳҳои май–июн гул карда, мевааш дар моҳҳои август–сентябр мепазад.
Зилоли сурх дар шароити табии Бадахшон дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят, ғайр аз ноҳияи Мурғоб, дар соҳили дарёҳо, дарговҳо, регзорҳо, дар баландии 1800–3000 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.
Абӯалӣ ибни Сино табъи зилоли сурхро андар дараҷаи саввум сарду хушк ва Абумансури Муваффақ сарду хушк андар дараҷаи дуввум меҳисобанд.

Қисми истифодабарӣ
Дар тиб ба мақсади доруворӣ реша, пӯстлоқ, барг ва меваи зилоли сурхро истифода мебаранд.
Решаи растаниро баҳор то неш задани муғча ва тирамоҳ баъди пухта расидани мева аз замин канда, аз хоку гил ва ҷисмҳои бегона дар оби хунуки равон шуста, ба андозаи 8–12 см бурида ва ба дарозӣ чоконда, дар сояи ҳавогузар ё хушккунакҳои махсус дар зери ҳарорати +40–60°С хушк мекунанд.
Пӯстлоқро дар мавсими ширадавонии растанӣ, дар моҳҳои апрел–май, баргро дар мавсими гулшукуфӣ ҷамъоварӣ карда, дар сояи ҳавогузар хушк мекунанд.
Маводи ҷамъшударо дар зарфҳои шишагӣ, қуттиҳои картонӣ ва халтачаҳои махсус то 3 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.
Таркиби кимиёвӣ
Тадқиқотҳои илмӣ муайян карданд, ки дар таркиби барг ва решаи растанӣ моддаҳои даббоғӣ, равғанҳои эфирӣ ва алкалоидҳои зерин мавҷуданд:
- берберин;
- бербамин;
- оксеакантин;
- пальматин;
- берлалибин;
- бербабумин;
- бервульсин;
- магнофлорин;
- колумбамин;
- ярорризин.
Инчунин флавоноидҳо, кумаринҳо ва витаминҳои C ва E мавҷуданд.
Дар пӯстлоқи растанӣ моддаҳои даббоғӣ мавҷуданд.
Дар барг ва реша макроунсурҳои:
- K;
- Ca;
- Mg;
- Fe
ва микроунсурҳои:
- Mn;
- Cu;
- Zn;
- Co;
- Mo;
- Cr;
- Al;
- Ba;
- Se;
- Ni;
- Sr;
- Pb
мавҷуданд.
(Кукеса В. Г. 1999; Ҳоҷиматов М. 1989; Сафонов Н. Н. 2005).
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)
Зилоли сурх таъсири зиддиилтиҳобӣ, талхаронӣ, оромбахшӣ, пешобронӣ, арақронӣ, хунбандкунӣ, зиддиуфунӣ, зиддимикробӣ, таскинкунандаи дард ва ҳипотензивӣ мерасонад.
Истифодабарӣ дар тиб
Абӯалӣ ибни Сино фармудааст, ки:
«…зиришк меъдаву ҷигарро қавӣ кунад ва ташнагиро шиканад. Зимоди ӯ омосҳои гармро нафъ кунад, табиатро бибандад, рутубатҳои раҳмро суд бахшад, хуни аз зер омадаро манъ кунад».
Абумансури Муваффақ дар китоби «Гиёҳнома»-и хеш менависад:
«…анбарбарис дардҳои ҷигар, меъда ва реши рӯдаҳоро манфият кунад ва ҷигар ва меъдаро қавӣ гардонад ва ташнагӣ бишканад ва табиат бибандад».
Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ дар китоби «Маҳзан-ул-адвия» овардааст, ки:
«…зилол ташнагиро бишканад, ҷигар, меъда ва дилро мустаҳкам кунад, бавосирро суд бахшад».
Зилол дар якҷоягӣ бо тахач таъсири ғизоҳазмкунӣ ва бо заъфарон таъсири пешобронӣ мерасонад ва дар якҷоягӣ бо дорчин ва асал ба истисқо, исҳол ва табҳои музмин шифо бахшад.
Истеъмоли доруҳои зилоли сурх ба одамони гарммиҷоз фоидаовар ва ба одамони сард ва тармиҷоз зарар мерасонад.
Зилол барои мубталоёни қулинҷ, даруншахӣ ва боди шикамдошта зарар дорад.
Одамони сард ва тармиҷоз зилолро бояд бо қаламфур истеъмол кунанд.
Истифода дар тибби кишварҳои гуногун
Дар бисёр давлатҳои дунё зилол ва доруҳои аз он тайёршавандаро барои табобати касалиҳои гуногун истифода мебаранд.
Дар тибби Булғория обҷӯши реша ва пӯстлоқи зилолро барои муолиҷаи касалиҳои ҷигар, санги талхадон, зардпарвин, илтиҳоби гурдаҳо ва масона, ниқрис ва тарбод истифода мебаранд.
Обҷӯши барги онро барои табобати хунравӣ ва исҳоли хунин истифода мебаранд.
Дар давлатҳои Аврупо — Фаронса, Полша, Олмон, Австрия ва Англия — обҷӯшу обдами реша, пӯстлоқ, барг ва меваи зилолро барои табобати касалиҳои илтиҳоби ҷигару талхадон, маҷроҳои талхагузар, касалиҳои рӯдаву меъда, хунравӣ аз узвҳои дарунӣ, касалиҳои илтиҳобии роҳҳои нафаскашӣ ва исҳоли хунин истифода мебаранд.
Онро инчунин ҳамчун доруи табшикан, ташнашикан ва витаминдор ба кор мебаранд.
Истифода дар тибби мардумӣ
Дар тибби мардуми рус мева ва пӯстлоқи зилолро ҳамчун доруи хунбанд, зиддиисҳолӣ, талхарон, арақрон ва ҷабанда ба кор мебаранд.
(Ковалёва Н. Г. 1971).
Дар тибби мардуми тоҷик обдам, ё чойи барги зилолро барои табобати зардпарвин ва обҷӯши реша ва пӯстлоқи онро барои муолиҷаи зардпарвин, ҳамчун хунбанд, талхарон ва пешоброн истифода мебаранд.
(Ҳоҷиматов М. 1989).
Дар тибби мардумии Бадахшон обҷӯшу обдами пӯстлоқ, реша, барг ва меваи зилолро барои табобати касалиҳои ҷигар, зардпарвин, гурдаҳо ва масона, шикастан ва баромадани буғумҳо истифода мебаранд.
Хокаи онро барои илтиҳоби милки дандон низ ба кор мебаранд.
Истифода дар рӯзгор
Аз меваи зилол мураббо, компот, нӯшоба ва шароб тайёр мекунанд.
Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза
Обдами барги зилол
10 гр, яъне ду қошуқи чойнӯшӣ, баргро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯшидаистода мерезанд.
Дар оташи паст ё ҳаммоми обӣ 15 дақиқа гарм карда, 45 дақиқа дар ҳарорати хона сард мекунанд.
Бо докаи 2–3 қабата соф карда, гиёҳи дар дока бударо меғунҷонанд ва ҳаҷми обдамро ба ҳаҷми аввалааш мерасонанд.
Ҳар рӯз ба андозаи як қошуқи хӯрокхӯрӣ 3–4 бор пеш аз таом менӯшанд.
Обдам барои табобати касалиҳои илтиҳобии ҷигару талхадон, ҳамчун зиддиилтиҳобӣ ва талхарон тавсия дода мешавад.
Обдами пӯстлоқи зилол
20 гр, яъне як қошуқи хӯрокхӯрӣ, пӯстлоқи зилолро дар зарфи сирдор андохта, ба болояш 400 мл, ё 2 истакон, оби ҷӯш мерезанд ва 4 соат дам медиҳанд.
Баъди соф намудан ба андозаи 1/4 ҳиссаи истакон 3–4 бор дар як рӯз пеш аз таом менӯшанд.
Обдамро барои табобати касалиҳои гурдаву масона истифода мебаранд.
Обдами решаи зилол
5 гр, яъне як қошуқи чойнӯшӣ, решаи зилолро дар 2 истакон оби хунук 4 соат дам дода, соф мекунанд.
Ба андозаи ним истакон 4 бор дар як рӯз пеш аз таом менӯшанд.
Обдамро барои табобати хунравӣ аз раҳм баъди таваллуд истифода мебаранд.
Қиёми спиртии барги зилол
Барги зилолро бо таносуби 1:5 дар спирти 40%-а ду ҳафта дам дода, соф мекунанд.
Ба андозаи 30–40 қатра 2–3 бор дар як рӯз пеш аз таом менӯшанд.
Қиёмро барои табобати касалиҳои ҷигар ва талхадон тавсия медиҳанд.
Давомнокии табобат 2–3 ҳафтаро дар бар мегирад.
Доруҳои саноатӣ
Дар саноати тиббӣ аз зилол доруи «Берберини бисулфат» дар шакли кулчадору ба андозаи 0,005 истеҳсол мешавад.
Онро барои табобати касалиҳои илтиҳоби музмини ҷигар, ҷигару талхадон, илтиҳоби талхадон ва санги талхадон ба андозаи 0,005–0,1, ё 5–10 мг, се бор дар як рӯз, 30 дақиқа пеш аз таом истеъмол мекунанд.
Давомнокии табобат 2–3 ҳафтаро дар бар мегирад.
Манъият
Истеъмоли зилол ва доруҳои аз он тайёршуда барои занҳои ҳомиладор, одамони гирифтори фишорпастӣ, қулинҷ, даруншахӣ ва боди шикам манъ аст.
Огоҳӣ
Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истеъмол ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма ва тибби анъанавӣ мебошад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.

