Номҳо
Тоҷикӣ: Пуши бӯгин (гандапушак, пушак)
Лотинӣ: Artemisia persica Boiss.
Русӣ: Полынь персидская
Ишкошимӣ: Апатор, зардпуш, дрым
Вахонӣ: Рвид
Шуғнонӣ-Рушонӣ: Бӯйгинцудъм, сидахци пухътаи
Язгуломӣ: Цудмиби
Англисӣ: Persian Wormwood
Тасвир
Пуши бӯгин нимбуттаи худрӯйи бисёрсола буда, ба оилаи мураккабгулҳо (Compositae) мансуб аст.
Баландии танааш ба 20–70 см расида, ранги бури сабзтоб дорад.
Пояаш ростистода, парадор ва бебарг мебошад.
Баргҳои болоии нӯгиаш пармонанди тухмшакл буда, аз ҳар ду тараф ранги бури сабзтоб доранд.
Сабадгулаш шакли нимкуравӣ дошта, бараш ба 3–5 мм мерасад ва дар поячаҳои кӯтоҳ ба тана ҷафс шудааст.
Тухмаш дарозшакл буда, ранги бури зардчатоб дорад.
Решааш ғафс ва чӯбмонанд мебошад.
Пуши бӯгин дар моҳҳои июн–август гул карда, тухмаш дар моҳҳои август–октябр пухта мерасад.
Пуши бӯгин дар ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон, ғайр аз ноҳияи Мурғоб, дар баландии 1800–4500 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд.
Қисми истифодабарӣ
Ба мақсади доруворӣ қисми рӯизаминии растаниро истифода мебаранд.
Дар мавсими гулкунӣ навдаҳои нӯгии онро бо қайчӣ ё дос даравида, дар болохонаҳо, даҳлез, ҳавои кушод ва дар соя хушк мекунанд.
Маводи хушкшударо дар қуттиҳои қоғазӣ ё халтачаҳои махсус то 2 сол нигоҳ дошта истифода мебаранд.
Таркиби кимиёвӣ
Дар таркиби барг ва сабадгули пуши бӯгин чунин моддаҳо мавҷуданд:
- равғанҳои эфирӣ — 0,21–0,4%;
- камфен — 12–14%;
- пинел — 7–12%;
- орнеол — 18%;
- борнилкапронат — 25,5%;
- камфора — 16%;
- фенол — 1,5%.
Ғайр аз ин, дар таркиби он алкалоидҳо, флавоноидҳо ва кумаринҳо низ ёфт шудаанд.
(Ҳоҷиматов М. 1989).
Хосияти шифобахшӣ (фармакологӣ)
Пуши бӯгин дорои чунин хосиятҳои шифобахш мебошад:
- оромбахшии системаи асаб;
- табшикан;
- пешоброн;
- гиҷарон;
- зиддиилтиҳобӣ.
Истифодабарӣ дар тиб
Дар тибби мардуми Ҳиндустон пуши бӯгинро ҳамчун фаъолкунандаи вуҷуд, табшикан ва гиҷарон истифода мебаранд.
Дар тибби мардумии тоҷикон обдам ва хокаи онро барои муолиҷаи чунин ҳолатҳо истифода мебаранд:
- касалиҳои илтиҳобӣ;
- дамкӯтоҳӣ;
- дилтангӣ.
Онро инчунин ҳамчун воситаи гиҷарон ва пешоброн истифода мебаранд.
(Ҳоҷиматов М. 1989; Наврӯзшоев Д. ва диг. 1998).
Шакли доруворӣ, усули истеъмол ва андоза
Обдами пуши бӯгин
10 гр, яъне як қошуқи десертӣ, маводро дар 200 мл, ё як истакон, оби ҷӯшидаистода дар зарфи сирдор 30 дақиқа дам медиҳанд.
Баъд бо докаи 2–3 қабата полонда соф мекунанд.
Ҳар рӯз 3 бор ба андозаи ним истакон пеш аз таом истеъмол мекунанд.
Огоҳӣ
Маълумоти вобаста ба хосиятҳои шифобахш, усулҳои истифода ва андозаҳои дар ин саҳифа овардашуда қисми матни сарчашма буда, қисме аз он ба тибби мардумӣ ва анъанавӣ тааллуқ дорад.
Ин маълумот барои мақсадҳои иттилоотӣ ва омӯзишӣ пешниҳод мегардад ва набояд ҳамчун дастури худтабобаткунӣ қабул карда шавад.

