Масайни Ғуломасан
Навор бо ташкилоти ҷамъиятии «Гулу Гиёҳ» дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайёр шудааст.
Доктор Давлатмамадов Ширинбек аз яке аз устодони шинохтаи рубобсоз — усто Масайни Ғуломасан — дар Андароби ноҳияи Ишкошим мусоҳиба гирифта истодааст.
Бисёрии асбобҳо аз чӯби дарахтони сахт сохта шуда, нархашон то 400 сомонӣ буда, дар қаламрави тамоми Бадахшон харидорӣ мегарданд.
Рубоб низ аз чӯби дарахти зардолу сохта шуда, ҳангоми сохтани он бо як қатор мушкилиҳо дучор мешаванд: дарахти зардолуро дар дохили об якчанд моҳ бояд нигоҳ дошт. Бар замми он, чӯби ин дарахт бисёр мулоим аст ва ҳангоми коркард бояд эҳтиёткорона рафтор намуд.
Ҳамаи рубобҳо бе истифодаи таҷҳизоти барқӣ сохта шудаанд.
Устод Масайн сохтани асбобҳои мусиқиро аз соли 1973 оғоз намудааст, барои зиёд намудани номгӯи асбобҳои мусиқии Помир.
Баъзе асбобҳои мусиқии усто Масайн дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе вуҷуд доранд.
Ҳамаи ин асбобҳо номҳои хоси худро доранд: барои мисол, «Торруд» ва «Масруд».
Усто Масайн на фақат асбобҳои навро месозад, балки асбобҳои кӯҳнаро барқарор месозад.

