Муаллим Шакар асбобҳои мусиқиро нишон дода истодааст ва аллакай ба ин касб дил бастанашро нақл карда истодааст.
Навор бо ташкилоти ҷамъиятии «Гулу Гиёҳ» дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайёр шудааст. Мулвоҷ, ноҳияи Ишкошим. Доктор Давлатмамадов Ширинбек бо Иброимов Шакар дар бораи асбобҳои мусиқии Помир суҳбат мекунад.
Устод Шакар навохтани асбоби мусиқии рубобро мустақилона аз худ кардааст, баъди ба нафақа баромадан ба сохтани рубоб машғул шудааст. Аз устод Шакар маҷмӯаи зиёди рубобҳои қадимӣ мавҷуд буда, бо ин асбобҳо дар ҷамъомадҳои гуногуни маҳаллӣ баромад мекунад. Овозе, ки аз асбоб мебарояд, бештар аз пардаи доира вобаста аст, на аз дарахте, ки асбоб аз он сохта шудааст. Устод Шакар барои сохтани рубоб, най ва ғижак миқдори ками асбобҳои кориро истифода мебарад. Ба ақидаи устод, агар техникаи онро омӯхта бошед, кор бо асбобҳои мусиқӣ он қадар мушкил нест. Аксар вақт доираи яке аз асбобҳои тордор — ғижак — аз қуттиҳои тунукагӣ сохта мешавад, ки як вақтҳо дар онҳо равған нигоҳ дошта мешуд (ёрии башардӯстонаи ИМА).

