Барои истифодаи дурусти маҳсулоти гиёҳӣ бояд донист, ки қисмҳои гуногуни растаниро чӣ гуна самараноктар истифода бурдан мумкин аст.
1 / 2Дамкарда
Растаниҳоеро, ки барои дамкарда истифода мешаванд, дар оби гарм на камтар аз 45 дақиқа нигоҳ медоранд. Барои ин зарфи шишагиро истифода бурдан лозим аст. Таносуби қисми растанӣ ба об 1:10 мебошад. Пас аз то ҳарорати хонагӣ хунук шудан онро аз ғалбер мегузаронанд. Муҳлати нигоҳдорӣ аз 1 то 3 рӯз аст.
Ҷӯшоба
Ҷӯшоба барои гирифтани моддаҳои фаъоли растанӣ аз реша, пӯст ва дигар қисмҳои он истифода мешавад. Барои тайёр кардан як қошуқча гиёҳро гирифта, ба он то 200 мл об илова намуда, дар оташи паст 10–15 дақиқа меҷӯшонанд. Пас аз хунук шудан онро филтр кардан лозим аст. ¼ то ½ истаконро 30 дақиқа пеш аз хӯрок менӯшанд. Онро аз 2 то 3 рӯз нигоҳ доштан мумкин аст.

Қиёми спиртӣ
Барои тайёр кардани қиёми спиртӣ як қисми гиёҳи заруриро бо панҷ қисми спирти 40–70%-ӣ омехта мекунанд. Гиёҳро дар спирт аз 7 то 40 рӯз нигоҳ медоранд. Баъд онро филтр карда, ба зарфи шишагӣ мерезанд. Муҳлати нигоҳдорӣ аз 3 то 5 сол дар ҷойи торик ва хунук мебошад. Қиёми спиртиро мувофиқи таъинот истифода бурда, 10–40 қатраро 30 дақиқа пеш аз хӯрок менӯшанд.
Шира
Ин маҳсулот аз барг, поя, реша ва меваи растаниҳо бо роҳи фишурдан тайёр карда мешавад. Истифодаи обширагир мумкин аст. Шираро фавран истифода бурдан беҳтар аст, зеро он зуд вайрон мешавад.
Чойҳои гиёҳӣ
Якчанд гиёҳи шифобахшро (3–10 намуд) омехта мекунанд, ки таъсири умумиро зиёд менамоянд. Бояд ба назар гирифт, ки таъсири мутақобилаи баъзе гиёҳҳо метавонад ба таъсири мусбати дамкардаи як гиёҳи алоҳида зарар расонад ё онро тамоман аз байн барад. Он метавонад таъсири манфӣ низ дошта бошад. Омехтаро ба шакли дамкарда ё ҷӯшоба тайёр кардан мумкин аст.

