Дониш дар бораи хосиятҳои шифобахши гиёҳҳои гуногун дар тӯли таърихи инсоният ҷамъ оварда шудааст. Бо рушди илмҳои химия ва биология хосиятҳои шифобахши гиёҳҳои гуногун исбот ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардиданд. Аммо бо рушди дорусозӣ ва пайдо шудани доруҳои синтетикии хеле фаъол истифодаи гиёҳҳо низ коҳиш ёфт. Дар ниҳоят, чунин доруҳо зуҳуроти баъзе бемориҳоро таъсир расонида, ҳолати умумиро беҳтар мекунанд, вале дар аксари ҳолатҳо ба дигар узвҳо ва низомҳои организм таъсири манфии ҳамзамон мерасонанд.
Дар навбати худ, истифодаи гиёҳҳои шифобахш дар шакли дамкарда ва ҷӯшоба ба организм таъсири зараровар намерасонад. Аммо гиёҳҳо бояд ба таври муайян ҷамъоварӣ ва хушк карда шаванд, то хосиятҳои шифобахши онҳо нигоҳ дошта шавад. Мӯҳлат ва шароити нигоҳдорӣ низ аҳамияти калон дорад. Бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки онҳоро танҳо ҳангоми бемориҳои муайян, баъди машварат бо духтур ва асосан дар ҳолатҳои сабуки беморӣ истифода бурдан лозим аст.
Мо асосан аз 118 намуди гиёҳҳои худрӯй ва боғӣ истифода мебарем, ки дар китоби доктор Давлатмамадов Ширинбек «Набототи дармонбахши Бадахшон ва истифодабарии онхо» тавсиф шудаанд ва дар Помир мерӯянд. Бадахшон минтақаи дурдаст буда, дастрасӣ ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ барои аксари аҳолӣ маҳдуд аст. Дар чунин шароит истифодаи гиёҳҳои шифобахш воқеан як роҳи алтернативӣ мегардад.
Барномаи гиёҳшиносӣ ва тибби анъанавии Мактаби ихтиёриёни Ишкошим бо мақсади ба насли ҷавон расонидани ин донишҳои арзишманд таъсис дода шуд.
Семинарҳо ва омӯзишҳо ба ҷавонони маҳаллӣ тарзи ҷамъоварӣ, хушк кардан ва нигоҳдории гиёҳҳо, инчунин усулҳои тайёр кардани дамкарда ва ҷӯшобаҳоро омӯзонданд. Ба рушди устувор ва пешгирии зарар ба экосистема диққати махсус дода шуд.
1 / 3