Растаниҳои шифобахши Авҷи боло
Доктор Ширинбек полезро нишон медиҳад, ки дар он ҳам маводҳои хӯрока ва ҳам растаниҳои табобатӣ парвариш карда мешаванд.
Ҷуворимакка инчунин маводи ғизоии паҳншуда буда, пупакҳои он ҳангоми бемориҳои узвҳои ҳозима, ҷигар ва талхадон дар намуди обдам ва обпаз истифода бурда мешавад.
Кашниҷи полезӣ ҳамчун хӯриш бисёр истифода бурда шуда, тухми он ҳангоми бемориҳои узвҳои ҳозима хосияти талхаронӣ дорад, инчунин он ҳамчун пасткунандаи фишори хун ҳангоми фишорбаландӣ ва оромкунандаи асаб истифода бурда мешавад.
Дар ин ҷо инчунин гули хуҷастаро ёфтан мумкин аст, ки реша ва барги онро дар тибби халқӣ ҳангоми бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ ва бемориҳои пӯст ва ғайра истифода мебаранд.
Поя ва тухми ҷавро ҳангоми шикоятҳои узвҳои такя ва ҳаракат, дарди мушакҳо ва бандҳо истифода мебаранд. Дар ин ҳолат обзан тавсия дода мешавад.
Навор бо ташкилоти ҷамъиятии «Гулу Гиёҳ» дар ҳамкорӣ бо Development Policy Foundation ва PEIPSI CTC тайёр шудааст.

